Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мегӯяд, паноҳҷӯёни Сурия бештар мешаванд


Мақомоти Туркия мегӯянд, бештар аз 4 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Сурия аз бими ҳамлаи низомӣ ба онҳо, ба қаламрави Туркия гурехтаанд. Баъди эъзоми тонку сарбозон ба вилояти шимолии Идлиб, то кунун 10 ҳазор нафар аз сокинони ин вилоят дар наздикии марзи Туркия паноҳанда шудаанд. Ин мардум мегӯянд, аз тарси нерӯҳои амниятӣ, ки мехоҳанд, барои қатли 120 сарбоз ниқор бигиранд, ба ин маҳал гурехтаанд. Ба гуфтаи паноҳандагон ва ҳомиёни ҳуқуқ ин 120 сарбозон худи ҳамхидматонашон барои саркашӣ аз иҷрои фармони қатли мардуми осоишта куштаанд.
XS
SM
MD
LG