Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқрори ҳазорон шаҳрванди суриягӣ дар марз бо Туркия


Паноҳандагони суриягӣ дар маз бо Туркия

Паноҳандагони суриягӣ дар маз бо Туркия

Бо идомаи нооромиҳо дар Сурия, садҳо шаҳрванди ин кишвар бо убур аз марз, ба Туркия гурехтаанд.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз шоҳидони айнӣ ва мақомоти Туркия гузориш медиҳанд, аз ҳангоме, ки нерӯҳои артиши бо пуштибонии тонкҳо ба вилояти Адлаб гусел шудаанд, пеш аз чаҳор ҳазор шаҳрванди суриягӣ ба Туркия гурехта ва наздик ба 10 ҳазор нафар низ дар манотиқи марзӣ сокин шудаанд.
Урдугоҳи паноҳандагони суриягӣ дар манотиқи марзии Туркия
Касоне, ки ба Туркия расидаанд, мегӯянд аз тарси ин, ки нерӯҳои суриягӣ ба хотири кушта шудани «120 тан аз нерӯҳои давлатӣ» даст ба интиқом бизананд, аз маърака гурехтаанд. Давлати Башшор Асад пеш аз ин эълом карда буд, 120 нафар аз нерӯҳояш ба дасти афроди мусаллаҳ кушта шудаанд.

Бо ин ҳол фаъолони сиёсӣ ва паноҳҷӯёни суриягӣ ривояти дигареро аз ин моҷаро доранд. Онҳо мегӯянд ҳангоме, ки артиш даст ба куштори ғайринизомиён зад, шуморе аз сарбозон сарпечӣ карда ва ба сӯи нерӯҳои дигар оташ кушуданд. Шабакаи НТВ-и Туркия ба қавл аз як паноҳҷӯи суриягӣ нақл кардааст, ки «вақте дар Ҷиср-аш-Шуғур куштор шуд, дар миёни артиш дудастагӣ пеш омад ва нерӯҳо бо ҳам даргир шуданд.»

Яке дигар аз шаҳрвандони суриягӣ, ки ба Туркия расидааст мегӯяд, ки Ҷиср-аш-Шуғур дар муҳосирати тонкҳо қарор дорад ва шаҳр гулӯлаборон мешавад. Ин фард, ки худро Бассом муаррифӣ кардааст, дар телефони ҳамроҳи худ тасовиреро аз куштаҳо дорад.
Шиканҷаи мухолифин тавассути нерӯҳои амниятии Сурия
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нерӯҳои режими Сурия дар ҳамлаи худ говҳо ва гӯсфандонро кушта ва киштзорҳоро низ ба оташ кашидаанд. Бо ин ҳол давлати Сурия бо радди ин иттиҳомот эълом кард, «гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ» дар вилояти Адлаб киштзорҳоро ба оташ кашидаанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башари суриягӣ мегӯянд, то кунун беш 1100 нафар дар нооромиҳои ин кишвар ба дасти нерӯҳои амниятии кишвар кушта шудаанд.
Паноҳандагони суриягӣ дар интизори убур аз марзӣ Туркия
Холид Сувайк, муовини вазири умури хориҷии Туркия мегӯяд, то кунун 4300 шаҳрванди суриягӣ бо убур аз марз ба ин кишвар гурехтаанд ва Анқара худро барои мавҷи паноҳандагон омода мекунад. Туркия дар ҳудуди 800 километр бо Сурия марз дорад.

Бритониё, Фаронса, Олмон ва Португалия аз Шӯрои Амният хостаанд, ки Башшор Асадро ба хотири саркӯбиҳои хунин дар ин кишвар маҳкум кунад, аммо Русия гуфтааст, ки ҳаргуна маҳкумияти эҳтимолиро вето хоҳад кард. Кохи Сафед низ рӯзи ҷумъа эълом кард, ки пешнависи маҳкумияти Башшор Асадро ҳимоят мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG