Пайвандҳои дастрасӣ

Мутасаддии африқоии Ал-Қоидаро куштаанд


Бино ба гузоришҳо, Фазл Абдулло Муҳаммад, тарҳрези ҳамлаҳои терористӣ ба сафоратхонаҳои Амрико дар Кения ва Танзанияро дар Сомалӣ куштаанд. Хабаргузориҳо аз қавли пулиси Кения навиштаанд, Фазл Муҳаммад, дар шаҳри Муқадишу кушта шудааст. Ӯро мутасаддии асосии амалиёти Ал-Қоида дар Шарқи Африқо ва фармондеҳи олирутбаи Ал-Шаҳоб як созмони тундраве медонанд, ки барои таҳти назорат гирифтани Сомалӣ талош мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фазл Муҳаммадро барои бомбгузориҳои соли 1998 дар сафоратхонаҳояш дар шаҳри Найробӣ ва Дорулсалом ҷустӯҷу дошт, ки дар он ҳамлаҳо бештар аз 200 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG