Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 200 000 кӯдак ноновари хона шудаанд


Созмони Ҷаҳонии Кор мегӯяд, ҳудуди 200 ҳазор нафар аз кӯдакони тоҷик маҷбуранд ба хотири таъмини худ ва ё хонаводаашон кор кунанд. Намояндаи созмон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, омори мазкур дар натиҷаи пажӯҳишҳои мухталиф ба даст омад, вале вусъати воқеъии кори кӯдак дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, кор дар саҳро ва ҳам дар хона аз навъҳои бадтарини кори кӯдакон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба фурӯш ва аробакашӣ машғул шудани кӯдакон дар Тоҷикистон чизи маъмулист. Бар асоси қонунҳои худи Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалӣи, кори кӯдак дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG