Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созиши Русияву Белорус бар сари ҳаққи нерӯи барқ


Давлати Ҷумҳурии Белорус гуфт, ба сари пардохти 54 миллиони доллар ҳаққи нерӯи барқ бо Русия ба тавофуқ расидааст ва интизор дорад, интиқоли нерӯи барқ ба зудӣ аз сар гирифта мешавад. Людмила Зенкович, сухангӯи вазорати энержии Белорус гуфт, кишвараш бар асоси тақвими мувофиқашуда, 54 миллион доллар ҳаққи нерӯи барқи Русияро то 5 июл мепардозад ва интиқоли комили нерӯи барқ аз рӯзи 13 июн аз сар гирифта мешавад. Русия чанд рӯз пеш, интиқоли нерӯи барқи худ ба Ҷумҳурии Белорусро ним баробар кам кард.
XS
SM
MD
LG