Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоиҳо алайҳи истифодаи энержии атомӣ дар Ҷопон


Бо гузашти се моҳ аз як фалокати бузурги атомӣ дар Ҷопон, ки бар асари заминларзаву сунамӣ ба вуқӯъ пайваст, садҳо нафар дар шаҳри Токио алайҳи истифода аз энержии атомӣ эътироз карданд. Дар майдони марказии пойтахт баъзе аз онҳо шиорҳо бо талаби фавран хомӯш кардани тамоми реакторҳои атомӣ дар Ҷопонро дар даст доштанд. Рӯзи 11 марти соли равон, заминларзаи нерӯманди 9 дараҷаӣ ва сунамӣ, системаи сардсозии нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима дар шимолушарқи Ҷопонро вайрон кард, ки баъди он аз реакторҳо маводи радиоактиви зиёде ба ҳавову об хориҷ шуд. Талош барои батамом хомӯш кардани реакторҳои Фукушима то кунун идома дорад.
XS
SM
MD
LG