Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати ҳукумати Хатлон ба китобхонаҳо дастур додааст, ки тамоми афроди мансабдорро ба узвияти китобхонаҳо бипазиранд ва барои мутолиаи онҳо асарҳои бадеӣ ва сиёсӣ пешниҳод кунанд.

Ситора Шерова, муовини раиси вилояти Хатлон дар масоили идеологӣ, дар як намоишгоҳи китоб дар Қӯрғонтеппа, аз кори заифи китобхонаҳо интиқод карда, гуфтааст, ки ҳоло аъзои аслии китобхонаҳо танҳо донишҷӯён ва муҳассилони мактабҳои ҳамагонӣ ҳастанд. Аммо шумораи ходимони
Ситора Шерова, муовини раиси вилояти Хатлон

давлатӣ ва дигар афроди мансабдор дар феҳрасти мизоҷони китобхонаҳо хеле ночизу ноаён будааст.

Як корманди китобхонаи бачагонаи вилоятӣ, гуфт, муовини раиси Хатлон дастур додааст, ки кормандони китобхонаҳо аз раиси вилояти Хатлон сар карда, то масъулони дигари идораҳои давлатиро ба китобхонаҳо аъзо ва ҷалб кунанд: «Шерова гуфт, ки хизмат кунед, ба ҳукумат рафта, ҳама кормандонашро ба китобхона аъзо кунед. «Ба ман, ба раиси вилоят китоб баред барои мутолиа», - гуфт. Мансабдорон бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Ва афзуд, ки китоб бояд варақ зада шавад, аммо китобҳое, ки ба намоишгоҳи китобхонаҳо оварда шудаанд, ҳамааш наву дастнорасид мебошад…»

Агар гурӯҳе аз ин дастури раёсати ҳукумати Хатлон пуштибонӣ мекунанд, он на ҳама мансабдорони маҳаллиро хуш омада, бо танқиди бархе аз коршиносон ҳам мувоҷеҳ шудааст.

Наргис Муродалиева, муовини раиси идораи давлатии суғуртаи вилояти Хатлон, гуфт, ҷалби ходимони давлатӣ ба мутолиаи китоб ва зиёрати китобхонаҳо ба сари худ идеяи хуб аст ва шояд ин амр ҳадафи ташвиқи дигар узвҳои ҷомеа ба китобхонаҳоро ба думбол дошта бошад. Аммо, ба иддаои ӯ, дар ҳоле ки ҳар нафари зиёӣ дар манзилаш китобхона дорад ё дар аксар биноҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ китобхонаҳо вуҷуд доранд, ҷалби иҷбории ходимони давлатӣ ба мутолиа амали чандон дуруст нест: «Албатта, нангин аст вақте
Наргис Муродалиева, муовини раиси идораи давлатии суғуртаи вилояти Хатлон

баҳогузорӣ карда мешавад, ки китобдор рафта аъзо карда наметавонад. Хеле нангин аст, вақте шахсияти роҳбарон ҳам ингуна арзёбӣ мешавад, ки ба китобхона намераванд, онҳо, китоб намехонанд. Магар мо дар миёни оммаи васеи меҳнаткашон аллакай ба мақсадҳои олиамон расидаем, ки имрӯз пурсиш мекунем, ки чанд раҳбар ё муовини раисони шаҳру ноҳия чанд китоб хонд, ба кадом китобхона аъзо шудагӣ. Мебахшед, имрӯз бо рушди техника, ҳатто дар рӯйи экрани телефони мобил тавассути интернет аз китобхонаҳои электронӣ дилхоҳ китобро пайдо карда, хондан мумкин. Дилхоҳ роҳбар дилхоҳ рӯзномаю маҷаллаи ҷаҳонӣ ва китоби заруриашро мехонад, дар ҳар вақте, ки мехоҳад. Шояд вай дигар майлу хоҳиш ва вақти рафта дар китобхонаҳо соатҳои дароз кофтуков кардан надошта бошад. Мо гуфта наметавонем, ки маърифати китобхонии мо поин рафта бошад. Воситаҳои дастрасӣ ба маълумот бешумор аст ва ҳар нафар, аз ҷумла раҳбарон, вақт ёфта, асарҳои лозимро мутолиа мекунад…»

Хонум Муродалиева меафзояд, ҳоло масъалаҳои ҷиддитаре дар риштаи идеологии минтақа дар миён ҳаст, ки ҳаллу фасли оҷил мехоҳанд, то ҷалби иҷбории одамон ба китобхонаҳо.

Заррина Аксакалова, мудири китобхонаи марказии Қӯрғонтеппа ба номи Камоли Хуҷандӣ, мегӯяд, дар воқеъ, бо фарқ аз муҳассилони мактабҳои ҳамагонӣ ва олӣ, афроди мансабдор аз ин китобхона хеле кам дидан мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳам ходимони давлатӣ дар ин китобхона барои худ китоберо фармоиш бидиҳанд, дар бештари маврид, ин асарҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон,
Заррина Аксакалова, мудири китобхонаи марказии Қӯрғонтеппа ба номи Камоли Хуҷандӣ

мебошад: «Вай бечораҳо вақт надоранд, ки биёянд ба китобхона. Вазифаи мо аст, ки китоби лозимиро барояшон дастрас кунем. Баъзан мешавад, ки ба ман занг мезананд ва мегӯянд, ки фалон китобро биёред. Мо китобро бардошта ба утоқи кориашон мебарем, то истифода кунанд.

Озодӣ: Бештар кадом китобҳоро пурсон мешаванд мансабдоронамон?

Китобҳои одобу эстетика, сиёсӣ, қонунҳо, вале бештар китобҳои Ҷаноби олиро, масалан, «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва дигар китобҳои президентро мепурсанд. Ҳоло, ки ҷашни Ваҳдат наздик аст, китобҳои вобаста ба ҳамин мавзӯъро бисёр мегӯянд. Ба фикрам, барои гирифтани иқтибосҳо дар маърӯзаҳояшон…»

Дар ҳамин ҳол, иддае аз таҳлилгарон ҷалби иҷбории одамон ба китобхонаҳоро як амали номуассир ва аз лиҳози этикӣ нозеб арзёбӣ мекунанд. Дилором Маҳкамова, устоди Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави Қӯрғонтеппа, дар ин робита мегӯяд: «Китоб хондан, интихоби асар ва мавзӯъҳо ба шавқу ҳаваси ҳар як кас вобаста аст. Агар одамони калонсол китоби чопиро хонад, ҷавонтарҳо китобҳои электрониро дар интернет мутолиа мекунанд.
Дилором Маҳкамова, устоди Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави Қӯрғонтеппа

Мансабдорони ҷавонтару аз техникаю технология огоҳ, ҳама корашонро тавассути интернет анҷом медиҳанд. Лекин ин, ки касеро маҷбуран ба китобхонаҳо аъзо кунему онҳо соле як ё ду китоберо аз ин китобхона мехонанд ё хайр, аз ин китобхонаҳо «бурд» намекунанд. Гумон мекунам, ки мансабдори имрӯза набояд аз тарафи касе, ё мансабдори дигаре, маҷбуран, балки худаш дар ғами васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва донишаш бошад. Худи онҳо бояд ташаббус бигиранд…»

Вале ба иддаои китобдорон, пас аз эродҳои раҳбарияти ҳукумати вилояти Хатлон, шумораи мизоҷони китобхонаҳо, аз ҷумла, аз ҳисоби ходимони давлатӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Онҳо бештар чӣ китоб мехонанду чӣ қадар, рӯшан нест, аммо як мансабдори хатлонӣ, ки ба иқрори худаш нахустин бор дар даҳ соли ахир аз китобхона дидан кардааст, гуфт, ки вақти бисёри ӯ дар ҷустуҷӯи асари дилхоҳаш бенатиҷа сарф шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG