Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” - пешсафи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Шоми ҷумъаи 10-уми июн ду бозии дигари даври 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон поён ёфт.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Юсуф Рабиев дар дақиқаи 15-ум ва Даврон Эргашев дар дақиқаи 84-ум ба самар расонданд.

Дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, тими «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голро аз дастаи мизбон Ҷаҳонгир Эргашев(дақиқаҳои 13-ум ва 83-юм) ва Шӯҳрат Шамсиев(74) заданд. Ва як голи “Гвардия” ба Темур Исмоилов(44) мутааллиқ аст.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигари даври 15-ум рӯзи 9-уми июн баргузор шуда буд. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и пойтахти кишвар аз тими меҳмон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Голи ягонаро ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов дар нимаи аввали дидор ба самар расонд. Дар нимаи дуввуми бозӣ сардовар Ориф Ҷӯраев (аз ноҳияи Шаҳринав) ба дарвозаи “Вахш” ду бор ҷаримаи 11-метра таъин кард, вале бозигарони “Энергетик” Габриэл Донто ва Сафархон Мирзоев аз имкони хубтарини голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Дар бозии дигар дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро Маҳмадлоиқ Нуриддинов дар нимаи аввал ва Парвиз Турсунов дар нимаи дуввуми бозӣ заданд.

Бозии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Равшан»-и Кӯлоб ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст. Дастаи «Истиқлол» бо 31 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Дастаи «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Дастаи «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо нӯҳ гол пешсаф шуд. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Фозил Сатторов (“Равшан”) ҳаштголӣ , Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 7-голӣ, Комил Саидов (ССКА“Помир”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 6-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Истиқлол" 11 10 1 0 29-6 31
2. "Равшан" 13 9 2 2 24-8 29
3. "Регар-ТадАЗ" 12 8 1 3 25-12 25
4. "Хайр" 13 7 2 4 20-13 23
5. "Энергетик" 14 6 1 7 19-21 19
6. "Хуҷанд" 13 5 3 5 14-17 18
7. ССКА “Помир” 14 5 1 8 19-26 16
8. "Вахш" 13 5 0 8 13-15 15
9. “Шодмон” 13 4 1 8 17-22 13
10. "Парвоз" 13 4 0 9 14-32 12
11. "Гвардия" 13 1 2 10 11-32 5


Даври 16-ум

14-уми июн (сешанбе)
«Хуҷанд» - «Энергетик»
«Равшан» - «Истиқлол»
«Вахш» - «Шодмон»
«Гвардия» - ССКА «Помир»

15-уми июн (чоршанбе)
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»
XS
SM
MD
LG