Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи ҷалби маҳбусон ба кор ва дастмузд


Маҳбусон дар маҳбаси марказии Душанбе.

Маҳбусон дар маҳбаси марказии Душанбе.

Додситонии Хатлон аз ҳукумат ва соҳибкорон хост, барои маҳбусон ҷойи кор таъсис кунанд.

Ин дархост дар ҳоле садо медиҳад, ки дар чаҳор муассисаи умури ислоҳии шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Норак ва навоҳии Ёвону Ҷилликӯл беш аз якуним ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳарчанд, бино бар омори расмӣ, беш аз 500 маҳбуси ба шуғлҳои мавсимӣ ҷалб шудаанд, ин рақам додситонии Хатлонро қонеъ намекунад.

Юсуфҷон Ҳусейнов, додситони нозири иҷроиши
Назорати хеле пурзӯр лозим аст. Мо наметавонем, ҷони посбонҳо ва дигар одамони атрофро ба хатар андозем...

қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон, ба Радиои Озодӣ, гуфт, таъсиси коргоҳҳои хурди тавлидӣ ва таъмини маҳбусон бо кори бомузд барои расидан ба ҳадафи аслӣ, яъне ислоҳ шудани зиндониҳо, мусоидат мекунад:

«Шахс, ки бекор аст, субҳ аз хоб мехезад, дастурӯй шуста, ҷойгаҳашро дуруст мекунад, ғизо мехӯрад, то вақти хӯроки нисфирӯзӣ бекор, дар зери соя мешинад. Ин ҳам ба саломатии маҳбусон зарар дорад, ки аз бекорӣ асабонӣ мешаванд, намедонанд, ки паси панҷара ба чӣ кор машғул шаванд, даркор буданашонро ҳис кунанд.”

Ҷаноби Ҳусейнов меафзояд, агар дар маҳбаси Ёвон 40 нафар шуғл дошта бошанд, 400 маҳбуси дигар

бекоранд. Ин дар ҳолест, ки дар дохили муассисаҳои ислоҳӣ шароити кор мавҷуд будааст: “Ҳамон сеху коргоҳҳои хуби замони Шӯравиро агар дубора эҳё кунанд, хеле аз маҳбусон соҳиби машғулият мешаванд…»

Ин дар ҳолест, ки Раъно Назирова, аз соҳибкорони муваффақи шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ҳарчанд ташкили коргоҳ ва ба кор ҷалб кардани маҳбусон аз хатар холӣ нест, дар сурати даъвати расмӣ вай ба ҳамкорӣ дар ин ҷода омода аст:

«Воқеан, имкони расидани зиёни моддиро истисно намекунам, аммо агар дар миёни маҳбусон одамони ҳунарманд, устоҳо, челонгарон, оҳангудозону чӯбтарошон, хулоса, онҳое, ки мехоҳанд, меҳнати ҳалол кунанд, мо метавонем, ки тавассути сохтани сехҳои хурд онҳоро ба кор ҷалб кунем…»

Вале на ҳама соҳибкорону ширкатҳои тиҷорӣ моиланд, ки таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ барои зиндониёнро сармоягузорӣ кунанд. Агар ҳам то ин замон коре дар ин робита анҷом шудааст, ғолибан бо истифода аз кӯмакҳои молии хориҷӣ сурат гирифтааст. Танҳо як мисоли маълум ин аст, ки дар муассисаи ислоҳии занонаи Норак бо кӯмаки молии соҳибкорони чиноӣ, корхонаи хурди тавлиди хишт бунёд шудааст.

Қонуни Тоҷикистон ҷалби маҳбусон ба кор дар корхонаҳои тавлидотӣ, бинокорӣ ва дигар машғулиятро манъ намекунад, аммо мушкил дар он аст, ки ҳоло шумораи одамони бекор дар берун аз маҳбасҳо ҳам хеле зиёд аст, чӣ расад ба зиндониҳо.

Дар ҳамин ҳол, Амрохон Бобоев, корманди масъули зиндони низомаш пурзӯри шаҳри Қӯрғонтеппа, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ин зиндон наздик ба 30 маҳбус бо гаҳворасозию чӯбтарошӣ, хиштрезию таъмиргарӣ машғул буда, дар иваз дастмузд ҳам мегиранд.

Ҷаноби Бобоев афзуд, дар зиндон шароите ҳаст, ки теъдоди бештари маҳбусон бо кор ҷалб шаванд, аммо масъалаҳои амниятӣ низ дар миёнанд:
Амрохон Бобоев

«Дар зиндони мо то 450 маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо гап дар ин ҷост, ки дар ин муассисаи ислоҳӣ ҷинояткоре адои ҷазо мекунанд, ки ҷиноятҳои сангин содир кардаанд, барои ҷомеа хатарноканд. Дар ин ҷо маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, ҳастанд, ретсидивистҳо ва мисли инҳо. Онҳоро агар ба коргоҳҳо барорем, ҳатман, ки талоши фирор мекунанд ё ягон касро теғ мезананд, бемушкил кушта метавонанд. Назорати хеле пурзӯр лозим аст. Мо наметавонем, ҷони посбонҳо ва дигар одамони атрофро ба хатар андозем. Ҳаминҳое, ки ҳоло кор мекунанд, онҳоро хеле вақт омӯхтаем ва ба бехавф буданашон бовар ҳосил карда, иҷозат додаем. Ба дигарон мумкин нест…»

Вале ин корманди масъули зиндони Қӯрғонтеппа гуфт, маҳбусоне, ки кор мекунанду дастмузд мегиранд, метавонанд, бо пули худ ғизои иловагӣ ва дигар колои заруриро дархост кунанд, ҳарчанд барояшон дастмузди хеле ночиз дода мешавад. Барои сохтани як гаҳвора ба маҳбус 18 сомонӣ маош дода шуда, бақияи даромад ба хазинаи муассисаи ислоҳӣ ворид мегардидааст.

Ҳамин тавр, маҳбусони коргар дар соли гузаштаи 2010-ум ба зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа наздики 66 000 сомонӣ даромади соф овардаанд. Дар ҳамин ҳол, маҳбусони зиндони Ёвон беш аз 35 000 сомонӣ ва Норак қариб 38 000 сомонӣ ба «буҷа»-и зиндони худ ворид кардаанд.

Маҳбусони коргар дар паси девори зиндон ҳамчунин барои худашон ҳам беш аз 8 000 сомонӣ дастмузд дарёфта, ба хонаводаҳои худ ҳам кӯмак расонидаанд.
Гузашта аз ин, дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон шумораи афзуни маҳбусоне нигаҳдорӣ мешаванд, ки бояд хисороти молии ба давлат ва шаҳрвандон расонидаашонро ҷуброн намоянд.

Юсуфҷон Ҳусейнов, додситони умури зиндонҳо дар Хатлон, мегӯяд: «Масалан, дар муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба 102 нафар маҳкумшуда 218 адад иҷроварақаи судӣ дохил шудааст. Ин 102 маҳбус аз ҷиноятҳои содиркардаашон ба давлат, созмонҳо ва шаҳрвандон ба маблағи 4 489 305 сомонӣ зарари молӣ расонидаанд. Аммо мепурсед, ки чӣ қадарашро ин нафарони муттаҳам барқарор кардаанд? Ҳамагӣ 13 475 сомониашро. Аз ин рӯ маҳбусоне, ки ба давлату шаҳрвандон зарари молӣ расонидаанд, бинобар таъмин накардани имконияти фаъолият барои товони зарари ҷабрдидаҳоро ҷуброн карда наметавонанд…»

Ба гуфтаи додситон, агар ин маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ бо кор таъмин мешуданд, метавонистанд, ки қисман маблағи хисорот ё қарзашонро бозпас гардонанд. Аммо додситонӣ аз он изҳори таассуф мекунад, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмини шароити кор ва таъсиси коргоҳҳо дар зиндонҳо ҳавсала намекунад.

Ҷалби маҳбусон ба кор дар бисёр кишварҳо маъмул аст ва ба беҳбуди шароити нигаҳдорӣ ва таъмини иҷтимоии маҳбусон дар зиндонҳо мусоидат мекунанд.

Аммо, ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ба сабаби надоштани даромад, кулли хароҷоти муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳбусон ба дӯши давлат аст ва аз ин ҳисоб ҳамасола миллионҳо сомонии андозсупорандаҳо масраф мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG