Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба шарти замонати амнияти ғазо ба харидории сабзавоти Аврупо розӣ шуд


Русия розӣ шуд, ки дар сурати дарёфти замонати бехатар будани сабзаҷоти аврупоӣ, манъи воридоти ин молро бекор кунад. Дар ин бора мақомоти Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар як нишасте дар соҳили Волга дар Нижний Новгород хабар доданд.

Ҳафтаи гузашта Русия қарори манъи хариди сабзавоти аврупоиро қабул кард, ки бо бурузи сирояти бесобиқае марговар дар Олмон вобаста мебошад.

Дар ин бора дар нишасте бо ширкати ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ва меҳмонҳои ӯ - президенти Иттиҳодияи Аврупо Ван Ромпуй, раҳбари Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо, раиси сиёсати хориҷии иттиҳодия Кетрин Эштон ва мақомоти баландпояи соҳаи тиҷорату савдои Аврупо хабар дода шуд.
XS
SM
MD
LG