Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз сафари президенти Афғонистон ба Покистон шурӯъ мешавад. Қарор аст, Ҳомиди Карзай бо ҳамтои покистониаш Осифалии Зардорӣ ва нахуствазир Юсуфризо Гелонӣ дидору гуфтугӯ кунад. Инчунин бояд дар ҷараёни ин сафар ҳайати комиссиюни муштараки ду кишвари ҳамсоя низ мулоқот кунанд.

Сиёмак Ҳеравӣ, сухангӯи президенти Афғонистон мегӯяд, ки масоили марбут ба пешрафти сулҳ дар Афғонистон, ҳамкориҳо дар ҷанги зиддитеррор ва тавсеаи мизони савдову тиҷорати байни кишварҳо дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор дорад.

Ин нахустин мулоқоти ду раҳбар баъди аз ҷониби нирӯҳои амрикоӣ дар хоки Покистон кушта шудани раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар таърихи 2 май мебошад.
XS
SM
MD
LG