Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: "Амрико дар хуруҷ аз Афғонистон шитоб нахоҳад кард."


Вазири дифои Амрико мегӯяд, хуруҷи шитобкоронаи нерӯҳо метавонад боиси мушкилот шавад.

Роберт Гейтс ин мавзӯъро дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дар Бруссел, ҷое, ки онҳо барои баррасии вазъи ҷанг дар Афғонистон гирди ҳам омадаанд, иброз кард. Гейтс ба хабарнигорон дар Бруссел гуфт: «Пешрафтҳои низомӣ дар Афғонистон сурат гирифтааст ва агар аҷала сурат гирад, шояд мушкилоте эҷод шавад."

Вазирони дифои кишварҳои НАТО рӯзи панҷшанбе дар Бруссел ҷанги даҳсолаи
Вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дар нишасти Брюксел

Афғонистонро мавриди баҳс қарор медиҳанд. Онҳо мехоҳанд, то пеш аз он, ки Барак Обама хуруҷи сарбозон аз Афғонистонро оғоз кунад, вазъияти ин кишварро баррасӣ кунанд.

Вазири дифои Олмон дар ин нишаст аз Амрико хостааст то теъдоди зиёд аз нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ накунад. Ӯ гуфт, ки кишвараш ин тасмими Амрикоро дарк мекунад, аммо афзуд, ки онҳо нигаронӣ доранд, ки агар теъдоди сарбозон ба якборагӣ аз Афғонистон берун шаванд, стратегияи НАТО тавре, ки рӯи он тавофуқ шуда буд, амалӣ нахоҳад шуд.

Вазири дифои Олмон ибрози умедворӣ кард, ки Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико дар ин маврид бо эҳтиёт бархӯрд кунад.

Ба гузориши Ассошиейтед Пресс, фармондеҳи умумии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон Давид Петреус ба вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дар мавриди вазъияти Афғонистон маълумот додааст. Қарор аст ҷенерол Петреус рӯзҳои оянда теъдоди нерӯҳои амрикоиеро, ки дар моҳи июл аз Афғонистон хориҷ хориҷ мешаванд, ба раиси ҷумҳури Амрико ироа кунад.

Бо он, ки Амрико мехоҳад шумори нерӯҳояшро дар Афғонистон коҳиш диҳад, муншии умумии НАТО ба ин иҷлос гуфт: «Паймони НАТО омода аст то масъулияҳои амниятиро ба нерӯҳои афғон бисупорад.»
XS
SM
MD
LG