Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти мақомоти Русияву Аврупо дар Нижний Новгород


Раҳбарони Русия ва Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар шаҳри Нижний Новгород масъалаи манъи вуруди сабзаҷот ба Русия, ҳамкориҳо дар соҳаи энержӣ ва дурнамояи бекор шудани раводиди сафар дар миёни ду ҷонибро баррасӣ мекунанд. Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев мизбони президенти Иттиҳодияи Аврупо Ван Ромпуй, раҳбари Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо, раиси сиёсати хориҷии иттиҳодия Кетрин Эштон ва мақомоти баландпояи соҳаи тиҷорату савдои Аврупо мебошад. Мақомоти аврупоӣ гуфтанд, ки қарори манъ шудани вуруди сабзаҷоти аврупоӣ ба Русия “бетаносуб” будааст. Маскав мегӯяд, ки танҳо баъди маълум шудани сабаби ҳалокати 30 нафар дар паи як вируси ношиноси хуруҷкарда метавонад ин қарорро лағв кунад.
XS
SM
MD
LG