Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти низомиҳои Сурия дар марз бо Туркия


Телевизиони Сурия мегӯяд, ки низомиён ба иҷрои амалиёти ба ном озодкунии шаҳре воқеъ дар шимолу ғарби ин кишвар, ки дар марз бо Туркия воқеъ аст, шурӯъ карданд.

Рейди низомиҳо баъди он шурӯъ шуд, ки беш тонку нирӯҳо ва беш аз 120 воҳиди амниятӣ ҳафтаи ҷорӣ ба шаҳри Ҷиср Ашшуғур кашида шуданд.

Дар ҳоле, ки Димишқ аз кушта шудани низомиёни артиш хабар дод, бархе гузоришҳо дар бораи исёне дар ҳайати нирӯҳои амниятӣ хабар медиҳанд.

Бар тибқи гузоришҳо, беш аз 2400 нафар бо тарс аз таҳдидҳои низомӣ аз марз убур карда ба хоки Туркия ворид мешаванд. Амалиёти низомӣ идомаи саркӯби эътирозҳои зидди ҳукумати Башор Асад аст, ки се моҳ идома дорад.
XS
SM
MD
LG