Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз асорати мардони мусаллаҳи афғон раҳо шудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, шахсони раҳошуда хонандагони мактаби миёнаи рақами 23-и ноҳияи Ҳамадонии устони Хатлон буда, рӯзи гузашта дар пайи амалиёти муштараки ниҳодҳои зиратби Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон, раҳо гаштаанд.

Намояндаи Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Кундузи Афғонистон ба Радиои Озодх гуфт, ҳарду навраси тоҷик ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи Наҷмиддин Сангмадов, падари Фаридун ва Сангмад, фарзандонаш баъд аз шоми рӯзи якуми июни соли ҷорӣ ҳини обёрии заминҳояшон, тавассути чаҳор марди мусаллаҳи афғон боздошт ва ба Афғонистон бурда шудаанд.



Ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ, афроди мусаллаҳ тавассути телефон бо падари ин ду навҷавон дар тамос шуда барои раҳоии писаронаш маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудаанд.

Аммо ба таъкиди сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, падари афроди дар гаравбуда ин тавонро надошт ва танҳо пас аз амалиёти ниҳодҳои зидахли ду кишвар, имкон даст дод, то онҳо бидуни пардохти маблағе аз дасти афроди ҷинояткор озод шаванд.

Раҳоии ин ду гаравгон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ҳамагӣ чанд рӯз пеш як сокини дигари ноҳияи Шӯрообод, аз ноҳияи ҳаммарз бо Ҳамадонӣ, дар ивази 20 000 доллар аз дасти қочоқчиёни афғон раҳо шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG