Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи панҷшанбеи 9-уми июн ду бозии даври 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии меҳмонон поён ёфт.

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и пойтахти кишвар аз тими меҳмон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Голи ягонаро ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов дар нимаи аввали дидор ба самар расонд. Дар нимаи дуввуми бозӣ сардовар Ориф Ҷӯраев (аз ноҳияи Шаҳринав) ба дарвозаи “Вахш” ду бор ҷаримаи 11-метра таъин кард, вале бозигарони “Энергетик” Габриэл Донто ва Сафархон Мирзоев аз имкони хубтарини голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Бояд гуфт, ки ин ғалабаи чоруми паиҳами “Вахш” дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад ва қӯрғонтеппагиҳо дар чаҳор даври охир 5 тӯб зада, аз дарвозаашон ягон тӯб сар надодаанд.

Дар бозии дигар дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро Маҳмадлоиқ Нуриддинов дар нимаи аввал ва Парвиз Турсунов дар нимаи дуввуми бозӣ заданд.

Ду бозии дигари даври 15-ум бегоҳи имрӯз, 10-уми июн, баргузор мешавад. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бо ССКА «Помир»-и Душанбе ва дастаи «Хуҷанд» дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд бо тими «Гвардия»-и Душанбе зӯрозмоӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 17-у 30 дақиқа шурӯъ мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо 29 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Тими «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 28 имтиёз дар ҷои дуввум аст. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо ҳаштголӣ пешсафанд. Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 7-голӣ, Комил Саидов (ССКА“Помир”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 6-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Равшан" 13 9 2 2 24-8 29
2. "Истиқлол" 10 9 1 0 27-6 28
3. "Регар-ТадАЗ" 12 8 1 3 25-12 25
4. "Хайр" 13 7 2 4 20-13 23
5. "Энергетик" 14 6 1 7 19-21 19
6. ССКА “Помир” 13 5 1 7 19-21 16
7. "Вахш" 13 5 0 8 13-15 15
8. "Хуҷанд" 12 4 3 5 11-17 15
9. “Шодмон” 13 4 1 8 17-22 13
10. "Парвоз" 13 4 0 9 14-32 12
11. "Гвардия" 12 1 2 9 10-29 5

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG