Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия барои фирориёни Сурия урдугоҳ дуруст мекунад


Аҳмет Довутуғлу
Аҳмет Довутуғлу
Ҳазорон нафар шаҳрвандони Сурия аз бими ҳамлаи низомӣ ба Туркия фирор кардаанд, зеро дар Сурияи режими Башор Асад дурнамои беҳбуди ваъз мушоҳида намешавад. Ҳилоли Аҳмари Туркия гуфтааст, ки дар наздикии марз бо Сурия урдугоҳи дуввум дуруст мекунад, то ба паноҳҷӯёни Сурия, ки аз амалиёти низомӣ фирор мекунанд, сарпаноҳ диҳад. Аҳмет Довутоғлу-вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, то ҳол 2 400 нафар аз марзи Туркия гузаштаанд. Сокинони фирории Сурия мегӯянд, ки нируҳои режими Асад дар наздикии Ҷиср ал-Шуғур таҷаммуъ кардаанд, дар маҳалле, ки дар ин авохир саҳнаи тазоҳуроти мухолифони давлат буд. Ба гуфтаи сокинон, ҳудуди 40 тонк ва мошинҳои пиёданизом дар 7-километрии Ҷиср ал-Шуғур мавзеъ гирифтаанд. Дар авоили моҳи ҷорӣ “афроди мусаллаҳ” дар ин шаҳр 120 нафар кормандони амниятро ба қатл расонданд.
XS
SM
MD
LG