Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо қатъномаи зидди Сурияро пешниҳод мекунад


Британияву Фаронса бо муқовимати шадиди Русияву Чин ва соири аъзои Шӯрои Амнияти СММ рӯ ба рӯ шуданд. Дар Шӯрои Амният пешниҳод шуд, ки режими Сурия барои саркӯбии тазоҳуркунандагони эътирозӣ муттаҳам карда шавад. Рӯзи чаҳоршанбе Британияву Фаронса ва Олмону Португалия ба Шӯрои Амният, ки аз 15 узв иборат аст, тарҳи қатъномаеро пешниҳод карданд, ки дар он режими Димишқ муттаҳам мешавад. Русия ошкоро гуфт, ки ба ҳар гуна қатънома дар бораи Сурия мухолифат мекунад ва ба он вето мегузорад. Амрико дар таҳияи тарҳи ин қатънома саҳм надорад, вале аз он ҷонибдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG