Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин Ветнамро барои нақзи марзи обӣ муттаҳам кард


Чин Ветнамро барои “нақзи марговар”-и тамомияти арзӣ ва ба хатар андохтани ҳаёти маллоҳони Чин муттаҳам кардааст. Ба гуфтаи Чин ин нақзи тамомияти арзӣ мубоҳисоти марзӣ дар обҳои баҳри ҷанубии Чинро ташдид бахшидааст. Баъд аз он, ки Ханой-пойтахти Ветнам Чинро барои таҳдид ба як киштиаш изҳорот пахш кард, Ҳонг Лӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин иттиҳомоти Ветнамро рад кард. Ветнам гуфт, киштии вай дар обҳои ин баҳр ба таҳқиқи масъалаҳои заминларза машғул будааст.
XS
SM
MD
LG