Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон аз Русия тупҳои “Смерч BM-30” харидорӣ мекунад?


Николай Димидчук-мақоми аршади саноеи низомии Русия мегӯяд, Арманистон мехоҳад аз Русия тӯпҳои русии бурдаш то 90 километрро харидорӣ кунад. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни намоишгоҳи байналмиллалии аслиҳа дар Минск Арманистон гуфтааст, ки мехоҳад тӯпҳҳои навъи “Смерч BM-30” дошта бошад. Димидчук гуфтааст, ки мақомоти Арманистону Қазоқистон дар пойтахти Беларус бо “Рособоронэкспорт” гуфтугӯҳои ҷолиб анҷом додаанд. Вазорати дифои Арманистон нахостааст дар ин бора тавзеҳот диҳад ва ин хабарро таъйид ё такзиб кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG