Пайвандҳои дастрасӣ

Узви Ҳизбуттаҳрир дар Суғд боздошт шуд


Дирӯз полиси вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҳаволии шаҳри Хуҷанд як узви Ҳизбуттаҳарир боздошт шудааст. Ин сокини 46 сола, ки аз вай ба унвони яке аз созмондиҳандагони гурӯҳи хурд ном бурда мешавад, аз соли 1998 дар узвияти ин ҳизби мамнӯъ будааст. Додситонии вилояти Суғд гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ бар зидди 29 узви Ҳизбуттаҳрир парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз соли 2001 дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб мамнӯъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG