Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оштии оила ва пушаймонӣ аз талоқи SMS-ӣ


Хонаводаи Сабуровҳо аз камтарин хонаводаҳое дар митақаи Кӯлоб аст, ки пас аз пошхӯрӣ дубора ба ҳам омадаанд.

Ин оила дар ҳоле аз ҳам рехта буд, ки шавҳар барои мардикорӣ ба Русия рафт ва ҳангоми шунидани хабару овозаҳо дар мавриди ҳамсари худ, бидуни таҳқиқ ӯро талоқ дод.

Аҳлиддин Сабуров, марди ин хонадон мегӯяд, ду фарзанд дорад ва вақте дар Русия шунид, ки ҳамсараш бе иҷозаи ӯ ба хонаи модараш рафтааст, телефон карда, бидуни чуну чарое ӯро талоқ дод.

Тасмими шитобкорона ва хашмгинона

Аҳлиддин мегӯяд, аз ин кори худ зуд пушаймон шудааст, зеро баъдан фаҳмидааст, ки дар ин кор ба саросемагӣ роҳ додааст.

Ӯ мегӯяд: «Хоҳару модарам гуфта буданд, ки занат нопурсида рафтааст. Ман дигар аз занам напурсидам, ки чаро рафтааст. Баъдан модарамро гуфтам, ки ҷавобаш додам, ӯ гуфт, ки кори хуб накардӣ. Ҳашт моҳ пас баргаштам ва фаҳмидам, ки занам бо ҳоҳарам ҷанг карда будаааст ва ӯро аз хона пеш кардаанд. Модараму хоҳарам ҳам пушаймон шуданд ва ман ҳам. Дигар рафтам, занамро бо кӯдаконам овардам ва мулло никоҳамон кард. Дар он ҷо хело асабӣ мешудам, корҳо мушкил буд».

Пайвастани ин оила баъди аз ҳам пошӣ дар ҳолест, ки масъулони созмони ҷамъиятӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, бар асоси як пажӯҳиш маълум кардаанд, имкони дубора барқарор кардани аксари оилаҳои аз ҳампошидаи муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд дорад.

Савоби оштӣ ва тафоҳум

Фаррух Холиқов, ҳуқуқшиноси маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» мегӯяд, дар паи шаш моҳи фаъолият ба онҳо имкон даст дод, ки 14 оилаи аз ҳампошидаро дубора бо ҳам васл кунанд.
Мо барои васл кардан омадем», то ҳадде, ки шариат иҷоза медиҳад бояд оилаҳоро васл кард...


Холиқов мегӯяд, ҳангоми бозгашти мардони муҳоҷир онҳо наздикон ва зану шавҳари аз ҳам ҷудошударо даъват намуда, машварат додаанд ва аз ин миён маълум шудааст, ки бархеи онҳо хоҳони дубора барқарор шудани оила ва идомаи зиндагии муштарак ҳастанд.

Ӯ афзуд: «Чанд омил аст. Бархе оилаҳо ҳаст, ки дигар онҳоро намешавад, барқарор кард. Зану шавҳар ба хулосае омадаанд, ки дигар зиндагӣ намекунанд. Аммо бисёр ҳолат ҳаст, ки чунин оилаҳоро бо роҳи машварат барқарор кард. Зеро муҳоҷирон дар ҳолатҳои нохуби рӯҳӣ талоқ додаанд ва онҳо дар дил аз ин кори худ пушаймонанд».

Рӯҳониён: «Мо барои васл кардан омадем.»

Аксари рӯҳониён аз ба ҳамоии хонаводаҳои аз ҳампошидаи муҳоҷирон истиқбол мекунанд. Маҳамшарифи Набӣ, як рӯҳонии маҳаллӣ мегӯяд, аз нигоҳи ислом ду оиларо ба ҳам пайванд додан савоб аст. Аммо ӯ, мегӯяд, аз ҳам пошии ҳар як хонавода аз як хонаводаи дигар тафовут дорад ва ҳангоми никоҳи дубора рӯҳониён сабабҳои онро бояд биомӯзанд, ки дар кадом ҳолат ва чанд бору чи гуна мард талоқ додаст.

Дар ин ҳолат, аз рӯи фармудаҳои худованд дар китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ метавон ин оилаҳоро дубора никоҳ кард. Набиев мегӯяд, дини ислом аз як ҷониб дар масъалаи талоқ додан сахт гирфитааст, вале аз сӯи дигар барои зиндагии хубу хушу солим сабукиҳои зиёде ҳам арзонӣ доштааст.

Вай афзуд: «Ояҳои сареъ аст, ки як талоқ диҳад ва се идда бипояд. Яъне батадриҷ талоқ шавад. Баъдан агар боз бинад, ки имкони зиндагӣ нест, баъдан пурра ҷудо шаванд, аммо ҳоло кам маврид аст, ки чунин гуфтаҳо рияот мешавад. Баъдан барои никоҳ кардан ҳолатҳоро ҳам ба назар гирифтан даркор, ки дар кадом маврид чунин иттифоқ афтодааст. Фиқҳи муосир ҳоло дигар ҳолатҳоро ҳам ба назар мегирад. Аммо ба гуфтаи Мавлавии бузург рисолати рӯҳониён васл кардан аст, яъне «мо барои васл кардан омадем», то ҳадде, ки шариат иҷоза медиҳад бояд оилаҳоро васл кард».

Азҳампошии хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷик тариқи телефон таи чанд солест, ки дар Тоҷикистон ба як раванди иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳеҷ омори расмие аз талоқҳои телефонӣ ва ё дубора ба ҳам омадани чунин хонаводаҳо рӯи даст надоранд.

Дар ҳоле, ки масъулини созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» мегӯянд, танҳо дар як ноҳияи Восеъ беш аз сад ҳолати аз ҳампошии хонаводаҳои муҳоҷирони меҳантиро сабт кардаанд ва талош доранд, то ҳади мумкин ин оилаҳоро дубора барқарор намоянд.
XS
SM
MD
LG