Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз рафтори маъмурони амниятии Бошқирдистон


Ҷомеаи тоторҳо дар Бошқирдистон мегӯяд, ҳафтаи оянда дар шаҳри Уфа ба нишони ҳамраъйӣ бо созмонҳои ҷавонони бошқирдӣ раҳпаймоӣ мекунанд, ки аз иқдомоти зиддимусулмонии нерӯҳои амниятӣ эътироз доранд. Созмонҳои ҷавонон дар Бошқирдистон шикоят доранд, ки тайи чанд моҳи гузашта, маъмурони амниятӣ бесабаб пайи ҳам хонаҳои бошқирдҳои мусулмонро ҷустӯҷу ва онҳоро бозпурсӣ кардаанд. Моҳи гузашта ҳаракатҳо ва созмонҳои ҷавонони Бошқирдистон аз раиси ҷумҳур Рустам Ҳамидов ва раҳбарони мақомоти интизомии ин ҷумҳурии Русия хостанд, то ба гуфтаи онҳо, “нақзи ҳуқуқи мусулмонони ин қаламравро” таҳқиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG