Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пушаймонии муаллифони 14 талоқи sms-ӣ дар Тоҷикистон


Як созмони ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, тавонистааст, 14 хонаводаи бо талоқҳои эс эм эсӣ ва телефонӣ аз ҳам пошидаро дигарбора ба ҳам орад. Фаррух Холиқов, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» дар Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо тавонистааст, аз роҳи машварат ва кӯмакҳои ҳуқуқӣ, зиндагии муҳоҷиронеро, ки ба истилоҳ бо ин шеваи муосир аз зану фарзандонашон ҷудо шудаанд, ба маҷрои пешини худ баргардонад: “Бисёре аз онҳо ҷавонҳои навхонадоранд ва дар ҳолате ба занҳои худ талоқ медиҳанд, ки оқибати кирдори худро дарк намекунанд. Баъди ҷудо шудан, пушаймон мешаванд ва мехоҳанд, роҳҳои ҳалли ин масъаларо ба онҳо фаҳмонанд.“ Талоқҳои эс эм эсӣ, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шурӯъ карданд, давлати Тоҷикистонро водор кард, то аз рӯҳониёни кишвар бихоҳад, ки бо фатвои махсус чунин талоқҳоро мамнӯъ кунанд. Фатвое, ки то кунун содир нашудааст.
XS
SM
MD
LG