Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс: "Амрико дар хуруҷи нерӯҳо шитоб намекунад"


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида дар хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон шитоб нахоҳад кард. Амрико қасд дорад, сар аз моҳи оянда ба берун кашидани бахше аз нерӯҳои 100 ҳазор нафариаш дар Афғонистон шурӯъ кунад. Пеш аз ин дар нишасти вазирони дифоъи НАТО дар Брюссел, муттаҳидони Амрико гуфтанд, ихроҷи нерӯҳои зиёд ба раванди ҷанги 10-сола дар Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Аммо Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли Паймони НАТО ибрози итминон кард, ки Амрико ба шитобкорӣ роҳ намедиҳад: “Ман медонам, ки ҳукумати Амрико бо назардошти авзоъи амниятии мавҷуд дар Афғонистон тасмим хоҳад гирифт. Нерӯҳо на бар асоси ҷадвали замонӣ, балки бо назардошти шароит хориҷ хоҳанд шуд." Ӯ ҳамчунин гуфт, кор НАТО метавонад, то поёни соли 2014 масъулияти таъмини амниятро ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон бисупорад.
XS
SM
MD
LG