Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷовуз ба номус – силоҳи нави ҷанг бо мухолифон


Имон Убайдӣ, нахустин зани либиёӣ, ки гуфт тарафдорони Қаззофӣ ба номусаш таҷовуз кардаанд.

Имон Убайдӣ, нахустин зани либиёӣ, ки гуфт тарафдорони Қаззофӣ ба номусаш таҷовуз кардаанд.

Қаззофӣ ба нирӯҳои содиқаш дар набард алайҳи чирикиҳо таҷовуз ба номуси занони он ҷонибро амр додааст.

Дар бораи ин дастури ҳокими худхоҳи Либия Муаммар Қаззофӣ, ба гуфтаи Додситони кулли додгоҳи байналмилалии Ҳейг шавоҳиде ба даст омадааст.

Луис Морено-Окампо дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ба хабарнигорон гуфт, ки таҷовуз ба номус зоҳиран ба як «шеваи нав»-и саркӯбии мухолифони Қаззофӣ табдил
Ҳоло маълумоте дар дасти мост, ки баёнгари вуҷуди як сиёсати тарҳшудаи таҷовуз ба номус дар Либия алайҳи онҳоест, ки мухолифи давлатанд...

меёбад. Ӯ афзуд, муфаттишон шавоҳиди бадастомада дар бораи истифодаи нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ аз доруҳои шаҳватбарангезе, чун «Виагра», ба хотири таҳрики ин маъракаи таҷовуз ба номуси занони ҷониби дигарро низ таҳқиқ мекунанд.

Режими Қаззофӣ ба ин иддао ҳанӯз посухе надодааст. Морено-Окампо дар моҳи май Муаммар Қаззофӣ, писари ӯ Сайфулислом ва хоҳарарӯси ӯро, ки раҳбари идораи иктишофии Либия низ будааст, ба ҷиноёт алайҳи башарият дар ҷараёни набард бо чирикиҳои мухолифи режим айбдор карда, аз додгоҳи Ҳейг судури ҳукми боздошти ҳарсеро дархост карда буд.

Аммо рӯзи 8-уми июн гуфт, аз додгоҳ хоҳад хост, ки мавридҳои таҷовуз ба номусро низ ба феҳрасти иттиҳомоти алайҳи Қаззофӣ биафзоянд:

«Мо дар пайи ҷамъоварии шавоҳиди бештарем. Мо аломатҳои ғайриодии таҷовуз ба номусро дорем, чунки чунин аъмол дар Либия як шеваи маъмули ҳамла алайҳи дигарандешон набуд. Аммо ҳоло маълумоте дар дасти мост, ки баёнгари вуҷуди як сиёсати тарҳшудаи таҷовуз ба номус дар Либия алайҳи онҳоест, ки мухолифи давлатанд.”

СММ дар ин авохир ба таҳқиқи мавориди мунтазами таҷовуз ба номус ба ҳайси як аҳроми ҷанг таваҷҷӯҳ карда, Дабири кулли ин созмон Бан Ки-мун ҳатто Маргарет Воллстромро фиристодаи хоси худ дар умуми мавридҳои хушунати ҷинсӣ дар ҷараёни низоъҳои мусаллаҳона таъйин кардааст.

Ин хонуми швед ахиран гуфт, хушунати ҷинсӣ ба маҳзи “арзону бесадо ва муассир” буданаш ҳарчӣ бештар ба “силоҳи мунтахаб”-и ҷонибҳои даргир табдил меёбад:

“Барои ин на тир лозим асту на бомб, танҳо чанд нафари сиёҳкор кофист. Ва тӯъмаи хушунати ҷинсӣ фақат қурбониёнаш нест, балки он дар батни тамоми ҷомиа тухми харобӣ мекорад. Ва маъмулан омилони чунин аъмол хеле кам ба сазои худ расидаанд. То даме ки занон шарм медоранд, ин бадкирдорон дар озодӣ боқӣ хоҳанд монд.”

Дар бораи даст ба таҷовуз задани нирӯҳои Қаззофӣ бори аввал зане бо номи Имон Убайдӣ лаб кушод. Ӯ худро дар меҳмонсарое дар Троблус ба байни издиҳоми хабарнигорон зад ва аз таҷовуз шуданаш аз сӯи сарбозони Қаззофӣ хабар дод. Вале ҳанӯз қиссаашро тамом накарда буд, ки маъмурони амниятӣ ӯро гирифтанд.

Имон Убайдӣ фақат баъди чанд муддати дигар тавонистаааст бо кӯмаки як афсар аз Либия фирор кунад ва феълан дар бемористоне, дар Руминия таҳти муроқибат қарор дорад.

Оё иддаои додситони додгоҳи Ҳейг дар бораи вуҷуди як сиёсати тарҳшудаи таҷовуз ба номус дар набард алайҳи мухолифони режими Қаззофӣ то куҷо воқеъист? Ва оё низоъ дар ин кишвар, ки бо вуҷуди гузашти моҳҳо ба таври хастакунанда бидуни тағйир боқӣ мемонад, кай ба поён хоҳад расид?

Бо ин суолҳо рафтем ба сӯҳбати Ҳусейни Ориён, таҳлилгари масоили низомӣ дар Радиои Фардо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG