Пайвандҳои дастрасӣ

Ба шӯришиёни Либия 500 миллион доллар ваъда карданд


Дар як нишаст дар бораи сарнавишти ояндаи Либия, кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ба шӯришиёни Либия 500 миллион доллар кӯмаки молӣ ваъда кардаанд. Дар нишасти Гурӯҳи тамоси Либия, дар шаҳри Абу Забӣ, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дипломатҳои Фаронса, Бритониё ва муттаҳидони араби онҳо, Кувайт, Қатар ва Ӯрдун ширкат мекунанд. Нишаст ба думболи шиддат гирифтани ҳамлаҳои НАТО ба таъсисоти гуногуни режими Қаззофӣ дар шаҳри Троблусро сурат мегирад, ки ҳадаф аз он заъифтар кардани қудрати Қаззофӣ аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG