Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз Сурия хост, зӯроварӣ ба мардумро бас кунад


Навӣ Пиллай, Кумиссионери олии ҳуқуқи инсони Созмони Милал, имрӯз аз давлати Сурия хост, “зӯроварӣ ба мардуми худро” бас кунад. Навӣ Пиллай гуфт, дафтари ӯ гузориш гирифтааст, ки теъдоди қурбониёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия аз 1100 нафар бештар шуда ва 10 ҳазор нафар ҳам дастгир шудаанд. Тазоҳурот дар Сурия аз моҳи март то кунун идома дорад. Тайи чанд рӯзи гузашта тақрибан 1600 нафар аз сокинони манотиқи шимолии Сурия аз тарси саркӯбӣ ба Туркия гурехтаанд. Навӣ Пиллай аз ҳамсояҳои Сурия хост, дари марзҳои худро ба рӯи фирориён боз гузоранд.
XS
SM
MD
LG