Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои нави қудратҳои ҷаҳонӣ аз Эрон


Қудратҳои ҷаҳонӣ имрӯз аз Эрон хостанд, дар робита ба барномаҳои атомии худ вориди “муколамаи ҷиддӣ” шавад. Дар як баёнияи муштарак, Амрикову Бритониё, Фаронса Олмону Русия ва Чин гуфтаанд, ”Ба хотири иҷоза надодан ба эҳтимоли бӯъди низомӣ дар барномаҳои ҳастаии Эрон, бояд масоили боқимонда рафъ шавад.” Баёния дар нишасти имрӯзаи Шӯрои мудирони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ қабул шуд ва як рӯз баъди он ки Эрон гуфт, тавлиди ураниуми ғализи 20 дарсадиро то охири соли равон се маротиба афзоиш хоҳад дод. Сафири Амрико дар оҷонс, ин барномаи Эронро, намунаи дигари беэътиноии Эрон ба муқаррароти байналмилалӣ хонд.
XS
SM
MD
LG