Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷоза барои навиштани қонунҳо бо забони русӣ


Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо ислоҳи як қонун иҷоза дод, то забони русӣ барои навиштани қонунҳо дар кишвар истифода шавад. Мамадшо Илолов, раиси Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон гуфт, бо ислоҳи Қонун дар бораи “Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” ҳамаи кормандони давлатӣ вазифадоранд, забони расмии кишвар, яъне тоҷикиро балад бошанд. Бар асоси қонуни мазкур, мукотиба дар миёни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бояд ҳатман ба забони тоҷикӣ бошад.
XS
SM
MD
LG