Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии масъалаи руҷӯъи қазияи Сурия ба СММ


Қарор аст, имрӯз дар Шӯрои мудирони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ раъйгирӣ дар мавриди руҷӯъи парвандаи Сурия ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал баррасӣ шавад. Амрико ва кишварҳои дигар пофишорӣ доштанд, то Сурия барои фаъолиятҳои ғайриқонунии атомиаш маломат карда шавад. Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ мегӯяд, таъсисоти атомие, ки Исроил соли 2007 дар Сурия нобуд кард, ғолибан реактори атомӣ будааст, ки бояд оҷонс аз он хабардор мешуд. Сурия мегӯд, он таъсисоти низомӣ ва ғайриҳастаӣ будааст.
XS
SM
MD
LG