Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии сарнавишти ояндаи Либия дар Абу Забӣ


Вазирони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ имрӯз дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, сарнавишти ояндаи Либияро баррасӣ мекунанд, ки дар онҷо мубориза барои поён додан ба ҳукумати 43-солаи Муаммар Қаззофӣ идома дорад. Барои заъифтар кардани қудрати ӯ НАТО ин ҳафта ҳамлаҳои ҳавоӣ ба таъсисоти гуногуни режими Қаззофӣ дар шаҳри Троблусро шиддат бахшид. Дар нишасти Гурӯҳи тамоси Либия, дар шаҳри Абу Забӣ, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дипломатҳои Фаронса, Бритониё ва муттаҳидони араби онҳо, Кувайт, Қатар ва Ӯрдун ширкат мекунанд. Дар нишаст шеваҳои кӯмак ба ошӯбгарон ва Шӯрои миллии гузори Либия ва ҳам омодагӣ дар сурати тарки қудрати кардани Қаззофӣ баррасӣ мешавад. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Муаммар Қаззофӣ, дигар ҳаққи ҳукумат дар Либия надорад, вале ӯ ин ҳафта гуфт, то дами маргаш дар ҳукумат хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG