Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои Сурия дар Ҷиср аш-Шуғур ҷамъ мешаванд


Сокинон ва фаъолони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, ҳазорон нафар аз нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти тонкҳо дар шаҳри шимолии Ҷиср аш-Шуғур ҷамъ меоянд, ки чанде пеш дар онҷо 120 сарбозро куштанд. Мақомоти расмии Сурия мегӯянд, ин 120 сарбозро “афроди мусаллаҳ” куштанд. Садҳо нафар аз сокинони шаҳр аз тарси саркӯбӣ ба марзи Туркия гурехтаанд. Айни замон, Бритониё ва Фаронса тарҳи қатъномаеро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардаанд, ки режими Башшор Ассад, раиси ҷумҳури Сурияро барои саркӯби тазоҳургарони зиддидавлатӣ маҳкум мекунад, аммо дар он иқдомоти мушаххасе барои ҷилавгирӣ аз он пешбинӣ нашудааст. Русияву Чин мойил ба қабули чунин қатънома нестанд.
XS
SM
MD
LG