Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти олуда ба "бактерия"-и Аврупо ва Русия


Манъи воридоти сабзавот аз Иттиҳодияи Аврупо ба Русия масъалаи аслии баррасӣ дар ҳамоиши сарони ду тараф аст, ки дар шаҳри Нижний Новгород идома дорад. Русия ҳафтаи гузашта аз бими сирояти бактерияи Е колӣ, воридоти сабзиҷот аз кишварҳои аврупоиро мамнӯъ кард, ки инро Иттиҳодияи Аврупо мухолиф ба муқаррароти байналмилалии тиҷорат номид. Бактерияи Е-колӣ то кунун ҷони 24 нафар аксаран шаҳрвандони Олмонро гирифт. Русия аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, сарчашмаи бактерияи кушандаро пайдо кунанд, коре, ки то ҳол ба мутахассисони аврупоӣ муяссар нашудааст. Дар нишасти сарон дар Нижний Новгород, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ва Хосе Мануел Барросо ва Ҳерман Ван Ромпуӣ ду мақоми олирутбаи Иттиҳодияи Аврупо ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG