Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои севумин бор дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ баргузор шуд.

Толеъ Холназаров, раиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 65 варзишгар аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат кард.



Дар рақобатҳо аз рӯи дараҷаи вазнҳо шаш варзишгари Душанбе - Ёқуб Ғуломов (65 кг), Исмоил Қодиров (70 кг), Манучеҳр Нодирхонов (75 кг), Даврон Умаров (80 кг), Фурқат Абдуллоев (90 кг) ва Азиз Азизов (+90 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Абдурасул Ҷӯрақулов, аз шаҳри Турсунзода, дар вазни 85 кг пирӯз шуд.

Азиз Азизов барои бори дуввум ғолиби мутлақи мусобиқа гардид. Вай дар мусобиқаи қаҳрамонии бодибилдинги Осиё, ки моҳи октябр дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони бодибилдинги Тоҷикистон:

65 кг. 1. Ёқуб Ғуломов. 2. Сӯҳроби Меҳриддин (ҳарду – Душанбе). 3. Муборизи Маризо (Турсунзода).

70 кг. 1. Исмоил Қодиров. 2. Сӯҳроб Ғафуров. 3. Даврон Ғиёсов (ҳама – Душанбе).

75 кг. 1. Манучеҳр Нодирхонов. 2. Илҳоми Иброҳим (ҳарду – Душанбе). 3. Абдураҳим Ҳомидов (Турсунзода).

80 кг. 1. Даврон Умаров. 2. Фирдавс Дӯстов. 3. Акбар Одинаев (ҳама – Душанбе).

85 кг. 1. Абдурасул Ҷӯрақулов (Турсунзода). 2. Фирӯз Давлатов. 3. Гулмаҳмад Тошев (ҳарду – Душанбе).

90. кг. 1. Фурқат Абдуллоев. 2. Амин Шодиев. 3. Ҳабибулло Самизода (ҳама – Душанбе).

+ 90 кг. 1. Азиз Азизов. 2. Шӯҳрат Тоҳиров. 3. Наримон Худоёров (ҳама – Душанбе).

Қаҳрамони мутлақ - Азиз Азизов (Душанбе).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG