Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври панҷуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7-уму 8-уми июн баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: «Кӯктош» - «Данғара» - 1:2, «Ҳосилот» - «Ҷавонон» - 5:1, «Вишгард» - «Рашт» - 2:1, «Локомотив» - «Зарафшон» - 0:3, «Сабо» - «Вахши зарнисор» - 1:1, «Ҳулбук» - «Пахтакор» - 2:0, «Ситора» - «Румӣ» -1:0.

Баъди натиҷагирии бозиҳои панҷ даври мусобиқа, дастаи “Ҳулбук”-и Восеъ бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал, “Ҳосилот”-и Фархор бо 11 имтиёз дар ҷойи дуввум ва “Зарафшон”-и Панҷакент бо 10 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”), Зоир Холматов (“Ҳулбук”) ва Ҳикмат Шарифов (“Кӯктош”) бо сеголӣ пешсафанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳулбук” (Восеъ) 5 4 0 1 13-4 12
2. «Ҳосилот” (Фархор) 5 3 2 0 8-3 11
3. «Зарафшон» (Панҷакент)) 5 3 1 1 10-4 10
4. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 5 3 1 1 7-4 10
5. «Пахтакор” (Қубодиён) 5 2 2 1 12-7 8
6. «Сабо» (Шаҳринав) 5 2 2 1 11-6 8
7. «Вахши зарнисор» (Вахш) 4 2 2 0 7-3 8
8. «Ситора» (Рӯдакӣ) 5 2 2 1 3-2 8
9. «Саройкамар» (Панҷ) 3 2 1 0 6-2 7
10 «Данғара» (Данғара) 4 2 1 1 4-3 7
11 “Вишгард” (Файзобод) 5 1 0 4 4-15 3
12 “Локомотив” (Душанбе) 5 0 2 3 2-8 2
13 “Ҷавонон” (Турсунзода) 3 0 0 3 2-11 0
14 “Румӣ” (Румӣ) 4 0 0 4 1-10 0
15 “Рашт” (Рашт) 5 0 0 5 1-11 0

Даври 6-ум

11-уми июн (шанбе)

«Пахтакор» - «Ситора»
«Вахши зарнисор» - «Ҳулбук»
«Рашт» - «Локомотив»
«Ҷавонон» - «Вишгард»
«Данғара» - «Ҳосилот»
«Саройкамар» - «Кӯктош»

Оғози бозиҳо - соати 17.30.

Эзоҳ: Бозии «Зарафшон» - «Сабо» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG