Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Эрон барои афзоиши ғанисозии ураниюми 20 дарсадӣ


Эрон эълон кардааст, ки афзоиши се баробари дараҷаи ураниюми ғанишудаи худро ба нақша гирифтааст.

Фаридун Аббосӣ, раиси Ожонси энержии ҳастаии Эрон гуфтааст, ғанисозии ураниюм ба корхонае интиқол дода мешавад, ки мавҷудияти он соли 2009 ошкор гардидааст. Бад-ин тариқ интизор меравад, ки дар оянда муносиботи маҳофили байналмиллалӣ бо Эрон пиромуни барномаҳои ҳастаии ин кишвар бештар ташдид ёбад.

ҒАНИСОЗИИ УРАНИЮМИ 20 ДАРСАДИ ДАР ЭРОН

Бино ба гуфтаи Фаридун Аббосӣ, фаъолиятҳои марбут ба ғанисозии ураниюм аз корхонаи Натанз ба корхонаи наве бо номи Фурдав, маҳалле воқеъ дар наздикии шаҳри Қум интиқол ёфтааст. Баъд аз ошкор шудани ин корхонаи нав дар соли 2009, алайҳи Эрон таҳрим ҷорӣ шуда буд.

Эъломияи Эрон замоне пахш мешавад, ки ҳафтаи гузашта Юкиа Амано, раиси Ожонси байналмилалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ зимни номае ба режими Эрон, аз барномаҳои ҳастаии ин кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ғарб ҳарос дорад, ки барномаҳои ҳастаии Эрон ҳадафи низомӣ дорад. Вале Эрон пофишорӣ дорад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст ва танҳо барои тавлиди нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.

Фаридун Аббосӣ Дованӣ, раиси Ожонси энержии ҳастаии
Фаридун Аббосӣ, раиси Ожонси энержии ҳастаи Эрон

Эрон ба хабарнигорон гуфт, ки дараҷаи урани 20 дарсад ғанишудаи кишвараш то поёни соли 2011 се баробар боло хоҳад ёфт: “Ожонсро мо бо кори бештар дар ҳавзаи дониш ва фановариҳои ҳастаӣ иттилоъ медиҳем. Барои намуна, ҳатман таҳти назорати Ожонс ва бо иттилои он, ғанисозии 20 дарсадро мо ба маҳалли Фурдав мунтақил мекунем.”

ВОКУНИШҲОИ ҶАҲОНӢ

Ин эъломияро билофосила кишварҳои ғарбӣ маҳкум карданд ва ҳоло ин суол пеш омадааст, ки чаро Эрон бештар аз сатҳи зарурии сӯхти ҳастаии ниёздоштаи худ урани худро ғанитар месозад?

Дар як эъломия ба Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ, ки Маҷористон аз номи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, гуфта мешавад, ки ин иттиҳодия аз эъломияи ахири Эрон нигарон аст. Фаронса низ ба ғазаб омадааст ва сухангӯи вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гуфтааст, ки Эрон бояд билофосила аз нақзи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ даст бардорад. Амрико гуфтааст, “қадамҳои таҳриккунандае аз ин қабил наметавонад бовариро ба нафъи Эрон ба вуҷуд орад.”

7-уми июн Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел, нахуствазири Олмон гуфтанд, ки онҳо ҳар ду ба тавофуқ расидаанд, ки агар Эрон ҷузъиёт дар бораи барномаҳои ҳастаиашро аз Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ пинҳон дорад, онҳо таҳримҳои нави зидди Эронро баррасӣ хоҳанд кард.

Корхонаи ҳастаии Фурдави Эрон дар дохили кӯҳ дар бункере ҷой гирифтааст ва онро моҳи сентябри соли 2009 хадамоти кашфи Ғарб ошкор карданд.
XS
SM
MD
LG