Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ША СММ қатъномаи зидди режими Сурияро баррасӣ мекунад


Дипломатҳо мегӯянд, дар қатъномаи пешниҳодкардаи Аврупо аз режими Сурия тақозо шудааст, ки хушунатро боздорад ва бо нируҳои мухолифон вориди музокира шавад. Интизор меравад, ки роҷеъ ба ин қатънома рӯзҳои оянда дар Шӯрои Амнияти СММ райдиҳӣ сурат бигирад. Ҳамчунин бими он меравад, ки Русияву Чин ду кишвари дорои ҳақи вето барои ин қатънома рай надиҳанд. Марк Лиал Грант-намояндаи Британия дар СММ гуфт, интизор меравад, ки Шӯрои Амният ба баррасии ин қатънома шурӯъ кунад. Тарҳи онро Британияву Фаронса ва Олмону Португалия пешиниҳод кардаанд.
XS
SM
MD
LG