Пайвандҳои дастрасӣ

Дар идомаи силсислабоздидҳои худ аз Аврупо боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Люксембург оғоз шуд. Вай дирӯз дар нимаи дуввумии рӯз аз Австрия вориди ин кишвар шуд. Оқои Раҳмон бо нахуствазир ва дигар мақомоти раҳбарии Люксембург мулоқот анҷом медиҳад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз Утоқи тиҷорату саноати Люксембург боздид ва дар он ҷо дар маҷмае, аз имконоти тиҷоратии Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Интизор меравад, ки Люксембург низ бо Тоҷикистон чанд қарордоди ҳамкории дуҷониба ба имзо расонад. 10-уми июн дар Люксембург бо Бонки Аврупоии Рушду Бозсозӣ мулоқот анҷом мегирад ва дар он ҷо масъалаи сармоягузории ин бонк дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG