Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Бразилия хостори рушди ҳамкорӣ шуданд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Бразилия омода аст як гурӯҳи соҳибкорони худро барои барқарории ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, истифодаи обу замин ба Тоҷикистон бифиристад. Ин масъала дар мулоқоти Низомиддин Зоҳидов-муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Алфредо Сезар Мартино Леони-сафири Бразилия дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Вай ҳамчунин номаи хонум Дилма Руссеф-раиси ҷумҳури Бразилия ба раиси ҷумҳури Тоҷикистонро тақдим кардааст.
XS
SM
MD
LG