Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҷумони мурофиаи Қурмонбек Боқиев бояд иваз шавад


Қозии додгоҳи Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешин ва 27 нафари дигар аз ёронаш дархост кард, ки тарҷумони мурофиа ва ин парванда бояд иваз шавад. Боқиев ва ёронаш барои он муттаҳам мешаванд, ки оё барои оташ кушодан ба тазоҳуркунандагон дастур додаанд ё хайр. Вакилони мудофеи маҳкумшавандагон тақозо карданд, ки Лариса Усубалиева-тарҷумони парвандаи онҳо иваз шавад. Мурофиаи онҳо аз 18-ӯми март ба ин сӯ мавқуф гузошта шуда буд. Бисёре аз ин 27 нафар дӯстону хешовандони Боқиев мебошанд. Онҳо ё зиндонӣ шудаанд ё дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Вале худи Қурмонбек Боқиев бо дасъвати Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус дар Беларус ба сар мебарад ва мурофиаи додгоҳ дар ғиёби вай сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG