Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳ. Ҳаутала: “Аврупо бояд аз Осиёи Марказӣ серталаб бошад.”


Раиси зеркумитаи ҳуқуқи инсон дар Порлумони Аврупо, Ҳейда Ҳаутала

Раиси зеркумитаи ҳуқуқи инсон дар Порлумони Аврупо, Ҳейда Ҳаутала

Мусоҳиба бо Раиси зеркумитаи ҳуқуқи инсон дар Порлумони Аврупо дар бораи сафари президент Раҳмон.

Раиси зеркумитаи ҳуқуқи инсон дар Порлумони Аврупо, Ҳейда Ҳаутала, ба суолҳои Радиои Озодӣ дар робита ба сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон посух дод. Суоли аввал ин буд, ки куллан таассуроти вакилони порлумон аз суханон ва посухҳои ҷаноби Раҳмон чӣ гуна буд?

Ҳейда Ҳаутала: «Рӯшан аст, ки вақте ӯ ба саволҳои мо
Бешубҳа, вай мехост Иттиҳоди Аврупо ва Порлумони Аврупоро мутақоид кунад, ки Тоҷикистон дар масири дурусте ҳаракат дорад ва ба пуштибонии бештари сиёсӣ ва иқтисодӣ меарзад...

посух медод, то ба охир самимӣ набуд. Барои намуна, мо дар даст гузориши тозаи Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносиро доштем, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрди ҷиддитареро бо Тоҷикистон тақозо мекунад, аз ҷумла дар робита ба иттиҳомоти даст доштани саромадони тоҷик ба бизнеси маводи мухаддир.”

Озодӣ: Вай мушаххасан чӣ гуна посух дод?

Ҳейда Ҳаутала: “Вай аз посух дурӣ ҷуст. Ман бояд таъкид кунам, ки таассуроти ман аз суханронӣ ва мулоқот бо президент ин буд, ки Тоҷикистон шадидан ба масъулият ва шаффофият ниёз дорад. Ҳамчун Раиси зеркумитаи ҳуқуқи инсон дар Порлумони Аврупо, ман дар сӯҳбат бо ӯ бештар ба масъалаҳои ҳуқуқи башар тамаркуз кардам. Мутаассифона, бардошти ман ин аст, ки барои раисиҷумҳур дар Қонуни асосии кишвараш зикр

шудани усули асосии эҳтироми ҳуқуқи инсон кофӣ будааст. Бино бар иттилои мо, нозирони байнулмилалӣ ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ишора мекунанд. Аз ин рӯ мо бояд баррасии бештару пурратари вазъи ҳуқуқи инсонро талаб кунем, ки Қонуни асосии Тоҷикистон тазмин мекунад.

Барои намуна, ман нигаронам, ки раисиҷумҳур мегӯяд, шумораи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст, аммо дар айни ҳол ҳукумат қонуни саркӯбкунандаи Русияро нухсабардорӣ мекунад, ки дар нимаҳои соли 2007 ба тасвиб расида, раванди сабти ном ва номнависи такрории созмонҳои ҷамиъиятиро мушкил кардааст. Ман мутмаинам, ки Иттиҳоди Аврупо бояд дар масъалаи озод ва дахлнопазр будани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон талабҳои қатъитар ба миён гузорад.

Озодӣ: Ҳадафҳои асосии сафари Раҳмон ба Аврупо кадомҳо буданд? Расонаҳо аз эҳтимоли ҷалби сармоягузориҳо менависанд. Оё ин як барномаи тарҳрезишуда буд?

Ҳейда Ҳаутала: “Бешубҳа, вай мехост Иттиҳодияи
Бояд гуфт вай аз таҳдиди тундгароии исломӣ ва мероси ҷанги шаҳрвандӣ зиёд ҳарф зад...

Аврупо ва Порлумони Аврупоро мутақоид кунад, ки Тоҷикистон дар масири дурусте ҳаракат дорад ва ба пуштибонии бештари сиёсӣ ва иқтисодӣ меарзад. Аммо, шоми рӯзи душанбе, дар мулоқот бо Кумитаи умури байнулмилалӣ, бисёре аз ҳамкорони ман суолҳои мушаххас доданд ва аз вазъи ҳуқуқҳои демократӣ дар Тоҷикистон изҳори шубҳа карданд.

Биноан, бисёриҳо нутқи дурударози ӯро ором таҳаммул кардaнд. Ман бар ин боварам, ки мо бояд ба ҳарфи коршиносони байнулмилал, ба монанди Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, бештар гӯш диҳем. Онҳо ба ҳукуматҳо ва аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо машварат медиҳанд, ки дар масъалаи харҷи маблағҳо дар Тоҷикистон сахтгир ва аз лиҳози сиёсӣ масъулиятшинос бошанд."

Озодӣ: Шунидем, ки дар мулоқот масъалаи манъи таҳсили донишҷӯён дар мадрасаҳои динии хориҷӣ низ садо додааст. Вай ба ин пурсиш чӣ гуна посух дод?

Ҳейда Ҳаутала: “Бояд гуфт вай аз таҳдиди тундгароии исломӣ ва мероси ҷанги шаҳрвандӣ зиёд ҳарф зад. Ман бовар дорам, бояд пурсиши бештар мешуд, ки ӯ мувозинатро дар байни мубориза бо тундгароӣ ва терроризм аз як сӯ ва эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ аз сӯи дигар чӣ гуна мефаҳмад. Яке аз ҳамкасбони ман дар ин маврид изҳори шубҳа кард."

Озодӣ: Оё сарони Иттиҳоди Аврупо ва аъзои Порлумони Аврупо дар пазироӣ аз раҳбароне, ки худкома шумурда мешаванд, то куҷо роҳатанд?

Ҳейда Ҳаутала: “Гуфтан душвор аст, ки кадоме аз ин гуна раҳбарон бадтаранд. Сафари Ислом Каримов аз Узбакистон ба Бруссел як шармандагӣ буд. Сарони аврупоӣ дар кумиссиюн ва шӯро огоҳ шуда буданд, ки масъалаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишварро ба миён гузоранд. Онҳо ин корро хеле мухтасар карданд ва он ҳам баъд аз ин ки созмонҳои шаҳрвандӣ ин масъларо доғ карданд.

Бешубҳа, дар гузашта Тоҷикистон дар қиёс бо Узбакистон ва Туркманистон кишваре бо собиқаи беҳтар шумурда мешуд. Мо ҳоло дар садади тасвиби созишномаҳои ҳамкорӣ бо охирин кишвари Осиёи Марказӣ -- Туркманистон қарор дорем. Ба назарам, ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки муносибати мо ба ҳамдигар чӣ гуна аст ва қонунмандиро дар ин кишварҳо мо чӣ баҳо медиҳем. Оре, ман мӯътақидам, ки Иттиҳоди Аврупо набояд ба диктаторҳо имкони таблиғи осонро диҳад, балки бештар барои қарордодҳое кор кунад, ки вазъро дар ин кишварҳо беҳтар намояд.

Талаби шахсии ман аз президент Раҳмон ба ҳайси Раиси зеркумитаи ҳуқуқи инсон дар Порлумони Аврупо ин аст, ки вай бояд сиёсати дарҳои бозро пайгирӣ кунад ва ба гузоришгари махсуси Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон иҷозаи сафар ба Тоҷикистонро диҳад. Бо ин роҳ ҳукумат нишон хоҳад дод, ки то кадом андоза ба иҷрои қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар кишвари худ мутақоид аст.

Мо бисёр вақт аз онҳо мешунавем, ки барои пешрафт дар ин ришта вақт даркор аст. Вале ман бовар намекунам, ки барои қатъи шиканҷа вақт даркор бошад. Ба ин амалҳо бояд хотима дод ва тамом. Барои ин зарур аст, ки гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба маҳбас ва боздоштгоҳҳои муваққат дастрасии озодона ёбад."

Озодӣ: Аз сӯи дигар Иттиҳодияи Аврупо манфиатҳои геополитикии худро дорад ва мо бисёр вақт мешунавем, ки ин чиз сарони Аврупоро маҷбур мекунад, ба набуди демократия дар ин кишварҳо аз паси панҷа нигоҳ кунанд. Ҳамин тавр аст?

Ҳейда Ҳаутала: “Фикр мекунам, мутаассифона, ҳақ ба ҷониби Шумост. Ба назарам, мо дар ин ҷо, дар Аврупо бояд сари ин фикр кунем, ки то дар ин кишварҳо дигаргуниҳои мусбате дар иҷрои қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқи инсон рӯй надиҳад, муносибати худро бо онҳо густариш надиҳем.”

Озодӣ: Шумо зуд-зуд бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқот мекунед. Бовар доред, ки дар ин кишварҳо ба зудӣ дигаргуниҳои мусбат ба вуқӯъ мепайвандад?

Ҳейда Ҳаутала: “Вақтҳои охир, махсусан дар пасманзари рӯйдодҳои Африқои Шимолӣ бисёр мешунавем, ки дигаргуниҳои демкоратӣ дар ин ҷо имконпазиранд. Мо, аз ҷониби худ, бояд серталаб бошем ва дар айни ҳол фаромӯш накунем, ки ба онҳо бояд кӯмак кард. Албатта, роҳҳои беҳбуди вазъ вуҷуд дорад, вале мо бояд ҳамзамон бо сӯҳбат аз манфиатҳои стратегии худ аз ҳуқуқи инсон низ ҳарф занем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG