Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ аз Қирғизистон


Ду созмони байналмилӣ аз бархӯрди ҳукумати Қирғизистон ба паёмади рӯйдодҳои Ӯш интиқод карданд.

Гузориши созмони Афви Байналмилалӣ (Amnesty International) ва Ҳюман Райтс Вотч (Human Rights Watch) дар фосилаи ду рӯз аз солгарди хушунатҳои байни узбактаборон ва қирғизҳо дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон, пахш гардид.Хунрезиҳои соли гузашта дастикам 400 сад кушта ба ҷой гузошт, даҳҳо нафарро бенишон кард ва ҳазорон манзилро ба коми оташ афканд.
Агар қурбониёни ҳунрезиҳо ба адолат дастрасӣ наёбанд ва гунаҳкорон беҷазо бимонанд, ба эҳтимоли қавӣ, хушунатҳои навбатиро метавон пешгӯӣ кард...


Пажӯҳишгарони ғарбӣ, бо шумули кумиссиюне, ки Роза Отунбоева, президенти Қирғизистон таъсис додааст, мегӯянд, бахши аъзами қурбониҳо, ҳам аз ҷиҳати хисороти ҷонӣ ва ҳам молӣ узбактабор буданд. Аммо ин ду созмон мегӯянд, ҳукумат азиятҳои узбактаборҳоро нодида гирифт ва мурофиаҳои додгоҳи қирғизҳои осебдидаро ҳамчун баҳона барои саркӯби дигарбораи онҳо истифода кард.

Мейсӣ Вайшурдинг, пажӯҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар созмони Авфи байналмилал, муаллифи гузориши “Дар интизори адл” мегӯяд, ки мурофиаҳои додгоҳӣ бо ҳавои зидди узбактаборҳо, равобити байни ду қавмро бештар печида карданд. Махсусан дар ҳоле, ки кишвар ба интихоботи раёсати ҷумҳур омодагӣ мебинад ва табъан дар ин марҳила шиорҳои миллӣ авҷ мегиранд: “Агар қурбониёни ҳунрезиҳо ба адолат дастрасӣ наёбанд ва гунаҳкорон беҷазо бимонанд, агар мо боз ҳам шоҳиди таблиғоти табъизи қавмӣ шавем, махсусан вақте ки интихоботи президентӣ наздик мешавад, бале, ба эҳтимоли қавӣ, хушунатҳои навбатиро метавон пешгӯӣ кард. Эҳтимолан на дар Ӯш, ин дафъа эҳтимолан дар манотиқи дигар. Ба назари ман, омили билқувва барои хуруҷи хушунатҳои минбаъда вуҷуд дорад.”

Созмони Ҳюман Райтс Вотч, ки ба дунболи хунрезиҳо пажӯҳиши густардаеро дар Ӯш анҷом додааст, гузориши 86-сафҳагиро таҳти унвони “Адолати таҳрифшуда” пахш кард. Дар он гуфта мешавад, ки камбуди дастрасии
Ҳукумат намехоҳад, масъулияти ҳодисаҳои моҳи июн ва баъд аз онро бар дӯш бигирад...

узбактаборҳо ба сохторҳои сиёсӣ ва маъмурӣ дар ҷануби кишвар фазои бемуҷозотиро бунёд кардааст.

Муаллифони гузориш мегӯянд, мақомот аз иттиҳомоти шиканҷаи афроди боздоштшуда ва азияти ҷисмонии онҳо чашм пӯшида, даъвои вакилони мудофеъро бе таҳқиқу баррасӣ боқӣ гузоштаанд.

Рейчел Денбер, раҳбари бахши аврупоии созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки бо ҷилавгирӣ аз мурофиаҳои додгоҳӣ ҳукумати кишвар умеди оштиро заҳролуд кардааст.

Рейчел Денбер
Вай меафзояд: “Ҳукумат намехоҳад, масъулияти ҳодисаҳои моҳи июн ва баъд аз онро бар дӯш бигирад. Вокуниши ҳукумат ба танқидҳо дар бораи он, ки мақомот ба ҳушунатҳо ва ҳодисаҳои баъди он чӣ гуна бархӯрд кардаанд, аз ҳад беш манфӣ буд. Ба назарам, ҳукумат қабул дорад, ки он метавонист ба қазияҳо расидагии беҳтар дошта бошад, масалан, ба гузориши кумиссиюни байналмилалии Қирғизистон. Ин бисёр дарднок аст, ба мисли як фоҷиа дарднок аст.”

Кумиссиюни пажӯҳишӣ, ки таҳти назорати президент Роза Отунбоева фаъолият мекард, моҳи май гузориши муфассалеро аз задухӯрдҳои қавмӣ, бо шумули шаҳодате, ки аксари қурбониҳо узбактабор буданд ва камбудиҳои асосии сохторҳои ҳукумат, ироа кард.

Тавре интизор мерафт, ҷомеаи сиёсии Қирғизистон гузоришро ба як сардӣ пазируфт. Махсусан, ки ин гузориш мегӯяд, бахше аз ҷинояткорони хунрезиҳои ҷануби кишвар ҳамчун ҷинояти зидди башар эътироф шаванд. Парламенти Қирғизистон ин гузоришро рад ва намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Кимо Килюненро "персона нон грата" ё шахси барои Қирғизистон номатлуб эълон кард.

Мақомоти кишвар то ҳол дар баробари гузориши дастаҷамъонаи Афви байналмилалӣ ва Дидбони ҳуқуқи башар хомӯшӣ ихтиёр кардаанд. Фарид Ниёзов, сухангӯи нахуствазири Қирғизистон аз шарҳи ин мавзӯъ даст кашид ва ҳамзамон пажӯҳишгарони байналмилалиро аз хароб шудани амнияти миллӣ ҳушдор дод.

Сумар Насиза, як мақоми Додситонии кулли Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гузоришҳои созмонҳои ғайридавлатӣ пур аз иттиҳом буда, бар пояи далелу бурҳон бунёд нашудаанд.

Роза Отунбоева, раисҷумҳури Қирғизистон, ки бо сафари корӣ дар Вена қарор дорад, ба суолҳо марбут ба ин
Роза Отунбоева

ҳаводис ва гузоришҳои пажуҳӣшӣ ин гуна посух дод: “То имрӯз 167 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шудааст ва ҳамин тавр шудааст, ки теъдоди узбактаборҳои муҷрим дар муқоиса бо қирғизҳо бештар аст. Аммо аз ин ҳоло намешавад, маънӣ бардошт. Мо се ҳазор парвандаи ҷиноӣ дорем, ки мавриди бозҷӯӣ қарор мегиранд. Хоҳиш мекунам аз арифметика сиёсати бузург насозед. Зеро мо дар шароити баъди низоъ қарор дорем.”

Отунбоева ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати ӯ барои татбиқи тавсияҳои Кимо Кулюнен, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо як кумиссиюни воқеии оштӣ таъсис медиҳад.
XS
SM
MD
LG