Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле мақомот танҳо иҷрои тарҳҳои энержиро роҳи бурунрафт аз давраи гузор меҳисобанд, иддае бар ин назаранд, то замоне, ҳукумат пои худро аз фасод берун накашад, кишвар ҳамчунон дар ботлоқи давраи гузор боқӣ хоҳад монд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари худ дар Аврупо дар гуфтушуниду суханрониҳояш таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш қарор дорад ва татбиқи барномаҳои муҳими энергетикии он, ба кӯмакҳои молии кишварҳои Ғарб ниёз дорад.

ДАВРАИ ГУЗОР МАГАР ТӮЛОНӢ НАШУД?

Ҷойи шубҳа нест, ки давлатҳои ғарбӣ дар паҳнои собиқ Шӯравӣ бо шумули Тоҷикистон манофеъи ҷиддӣ доранд. Аммо раҳбарони ин давлатҳо, ки дар маҷмӯъ пойбанди афкори кишварҳои худ ва овоздиҳандаҳои худ ҳастанд, ба ҳамагуна ҳамкорӣ бо давлатҳои собиқ шӯравӣ аз зовияи чигуна будани вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон бархӯрд мекунанд.

Тоҷикистон дар миёни давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки баъди суқути Шӯравӣ вориди як марҳилаи дигар, яъне ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки ин кашмакаши дохилӣ дар роҳи тай намудани давраи гузор кишварро солҳо ба оқиб андохт. Ҷанги дохилӣ зербинои Тоҷикистонро ҳамчун давлат осебпазиртар кард ва ба иқтисоди он зарбаи шадид зад.

ИСТИФОДАИ ДАВРАИ ГУЗОР ЧУН БАҲОНА

Ин дақиқан замоне буд, ки кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ аз сохти иқтисоди сотсиалистии нақшавӣ ба тарафи низоми ҷадиди иқтисоди бозоргонӣ гом бардоштанд. Аммо ба сурати умум, аксари ин давлатҳо сохти иқтисоди шӯравиро ба гунае ҳифз карда ва ҳеҷ гоҳ шакли комили иқтисоди бозаргониро напазируфтанд.

Иброҳим Усмонов
Ба назари проффесор Иброҳим Усмонов, агар дар ин байн баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мисли Туркманистон ё кишварҳои каронаи Балтик мегӯянд, ки давраи гузорро тай кардаанд, вале гурӯҳи дигар тайи 20-сол ҳанӯз ҳам дар оғози ин марҳила боқӣ мондаанд: «Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон мегӯянд, ки дар марҳилаи гузариш қарор доранд. Қазоқистон бо вуҷуди як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи минтақа, ҳанӯз эълон накардааст, ки давраи гузаришро тай намудааст. Шояд ин кишварҳо барои ҷалби ҳарчӣ бештари таваҷуҳи ин кишварҳо, давраи гузорро як баҳона ҳам истифода кунанд, вале омилҳои объективӣ ҳам дар инҷо ҷой дорад.»

Омилҳои объективӣ, дар Тоҷикистон аз ду паҳлӯ иборатанд: агар сатҳи пасти камбизоатӣ, муҳоҷирати давомдори корӣ, сармояи заъифи хориҷӣ яке аз сабабҳои дар як ҷо пой кӯфтани Тоҷикистон бошад, масъалаи дигар фасоду ришват, таборсолорӣ, тамаркузи қудрат танҳо дар дасти як нафар, ба сурати умум иҷоза намедиҳад, ки иқтисоди кишвар ҷаҳиши амиқтареро касб кунад.

ДАВРАИ ГУЗОР -УМРИ ЯК НАСЛ!!!

Давлат Усмон
Иқтисоддони тоҷик Давлат Усмон бар ин назар аст, дар пасманзари бо суръат пеш рафтани кишварҳои ҷаҳон, барои давлатҳои пасошӯравӣ давраи гузор бояд тайшуда бошад. Вале ин кишварҳо бо шумули Тоҷикистон ба ҷои фароҳам овардани фазои шаффофу озоди иқтисоди бозаргонӣ, бештар кӯшиш мекунанд, ки ҷиҳати ҳафзи бақои ҳукумати худ, марҳилаи гузорро ҳамчун сипар истифода кунанд: «Бист сол ин умри як насл аст. Дар ҳоле, ки ҷаҳон бо тундӣ пеш рафта истодааст, давраи гузариши ин кишварҳо бисёр тулонӣ идома дорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ давраи гузаришро бояд хеле пештар хатм мекарданд. Ин истилоҳ бештар аз як истилоҳи воқеӣ, ҳамчун як истилоҳи сиёсӣ истифода мешавад ва барои нигоҳ доштани сохти сиёсии феълӣ истифода мешавад на барои вазъи воқеӣ.»

"...ИН РОҲ, КИ МЕРАВӢ БА ТУРКИСТОН АСТ"


Вале ба назари Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон дар маҷрои зиндагии пасошӯравӣ маълум нест ба кадом самт равона аст. Ба гуфтаи вай роҳеро, ки то кунун ин кишвар тай
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

кардааст, наметавон низоми иқтисоди бозаргонӣ номид ё сохти сотсиалистӣ: «Феълан мо дар замони гузариш қарор дорем, вале ин гузариш аз куҷо ба куҷост, мо бояд мушаххас кунем. Мабодо аз давраи иқтисоди сотсиалистии шӯравӣ рост ба феодализм назанем. Бояд сармоядории давлатӣ асоси сармоягузорӣ бошад ва ҳамзамон сармоягузории хусусӣ ҳам рушд кунад. Лекин нашояд, ки аз ин марҳилаи гузариш ба давраҳое, ки мудирият дар сатҳи амирию вазирӣ ва қавму қабоил буд, биафтем.»

Ҷаноби Шабдолов пешниҳод мекунад, ки марҳилаи гузор дар Тоҷикистон бояд ақаллан дар сатҳи парлумон бо ширкати вазирони ҳукумати кишвар ҷиддан мавриди баррасӣ қарор бигирад ва дар кадом зинаи гузариш қарор доштани Тоҷикистон маълум карда шавад. Ҳам ҷаноби Шабдолов ва ҳам дигар иқтисоддонҳое, ки мо бо онҳо сӯҳбат доштем, ба ин назаранд, ки рӯшанӣ дар мароҳили гузариш имкон медиҳад, ки ояндабинии барномаҳои роҳбурдии кишвар мушаххас карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG