Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Завоҳирӣ ба идомаи ҷиҳод алайҳи Ғарб


Аймон Завоҳирӣ
Аймон Завоҳирӣ
SITE, як гурӯҳи иктишофии махсуси пайгирии форумҳои интернетии ислогароён мегӯяд, Аймон Завоҳирӣ, ки тайи солиён раҳбари дуввуми шабакаи Ал-Қоида буд, дар як паёми видеоии 28-дақиқаӣ таҳдид кардааст, ки ба ҷиҳоди оғозкардаи Усома Бин Лодин алайҳи Ғарб идома хоҳад дод. Ин гурӯҳ аз қавли Завоҳирӣ оварда, ки мегӯяд, “Мо то замони аз сарзаминҳои мусалмонӣ хориҷ шудани ишғолгарон ба ҷиҳод давом хоҳем дод.” Бин Лодин рӯзи 2 май тавассути нирӯҳои вижаи Амрико дар Аббатободи Покистон кушта шуд.
Завоҳири мисрӣ, ки бовар меравад, дар ҳошияи марзи Афғонистону Покистон паноҳ мебарад, дар паёмаш ҳушдор додааст, ки Амрико ба муқовимати саросарии мусалмонон рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG