Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Озарбойҷон ҳайкали Муборак сарнагун шуд, дар Белград ҳайкали Алиев сар барафрошт.

Мақомоти Озарбойҷон ба талаби мухолифони худ тан доданд ва ҳайкали президенти барканоршудаи Миср, Ҳуснӣ Муборакро барканданд.

Намояндаи ин мақомот Фикрат Оруҷов гуфт, пайкараи Муборак бо назардошти “дигаргуниҳои сиёсӣ” дар Миср барчида шуд.

Ин пайкараро чаҳор сол пеш дар шаҳраки Хирдалон, канораи Боку дар назди мактабе гузоштанд, ки ба шарафи ҳамсари Ҳуснӣ Муборак “мактаби Сузон” ё “мактаби мисрӣ” унвон мешуд.




Муҷассамаро дар ҳоле барканданд, ки дар моҳи феврал пас аз инқилоб дар Миср гурӯҳе аз фаъолони ҷунбишҳои ҷавонони Озарбойҷон дар назди он гирдиҳамоӣ карданд. Аммо онҳо хеле зуд неши танқидро ба тарафи раҳбари кишвари худ Илҳом Алиев гардонда, ӯро ба “лағви одатҳои режими Муборак дар Озарбойҷон” даъват намуданд.

Аз он ба баъд пайкара ва “мактаби Сузон” зери ҳимояти полис гирифта шуд.

Вале як сокини солманди Хирдалон мегӯяд, “ҳайкал як сангест ва чунин пайкараҳо дар саросари ҷаҳон ҳазорон ададанд. Кӣ парвои онҳо дорад? Аслан беаҳамият аст, ки ин порчаҳо киро нишон медиҳанд.”

Аксари сокинони Белград низ шояд ба ҳамин андешаанд, бавижа вақте ки ба ҳайкали Ҳайдар Алиев, падари президенти феълии Озарбойҷон менигаранд. Парда аз рӯи ин ҳайкал дар пойтахти Сербия имрӯз бардошта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG