Пайвандҳои дастрасӣ

Бидуни таҷдиди назар дар қонунҳои Тоҷикистон, мубориза бурдан бо фасод ва ё коррупсия натиҷае нахоҳад дод.

Чунин буд хулосаи ширкаткунандагони мизи гирде, ки Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мавзӯи мубориза бо фасод баргузор кард.

ФАСОД ЧИСТ?

Маризо Халифаев, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар вазорати корҳои дохилӣ ва назорати маводи мухаддири додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора гуфт: «Фасод на танҳо як падидаи ҳуқуқӣ аст, балки он ҷанбаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ низ дорад. Агар мақсад маҳдуд кардани ин падида бошад, пас меъёрҳои таъйиншуда низ бояд ҳамин ҷанбаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданиро фарогир бошад. Дар ин сурат мо бояд қонунҳои худро такмил диҳем. Ва фасодкориро танҳо бо истифодаи фишангҳои қонунӣ таъқиб накунем, балки қонуне тасвиб кунем, ки заминаҳои зарурӣ дар мубориза бо фасодро муҳайё кунад.»



Аммо Маҳмад Раҳимов, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҷумҳурӣ ба ин назар аст, ки фасод дар Тоҷикистон камтар аз онест, ки мардум дар борааш ҳарф мезананд. Ҷаноби Раҳимов дар тавсеаи фасод бештар ба фарҳанги мардум, бетафовутии ҷомеа ба ин падида ишора кард.

Ҷаноби Раҳимов оқибати ин падидаро чунин арзёбӣ кард: «Одоби ҷомеа ба коррупсия таъсир мерасонад. Мо бояд инро таҳлил кунем, воқеият ҳамин аст. Мо худамон ба коррупсия мусоидат мекунем. Ана ҳамин ҷомеаи моро беобрӯ мекунад ва пояи давлатро заиф мегардонад.»

ОЁ ФАРҲАНГӢ МАРДУМ БА ФАСОД МУСОИДАТ МЕКУНАД?

Дар ҳамин ҳол Маризо Халифаев, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар вазорати корҳои дохили ва назорати маводи мухаддири додситонии кулли Тоҷикистон ба ин назар, ки фарҳанги мардум ба тавсеаи фасод мусоидат мекунад, розӣ нест. Ба гуфтаи вай ҷомеаро ба муқобили ин падида бояд ҷалб кард.

Вай афзуд: «Менталитети мардуми шарқ хосияти худро дорад. Агар дар тӯли асрҳои зиёд меҳрубонӣ кардан, кори касеро буд кардан нишонаи одамгарӣ ва олиҳимматӣ буд, дар ҳоли ҳозир ин падида аз сӯи мардуми кишварҳои дигар падидаи фасод ва ё моил будани мардум ба коррупсияро дорад. Аз ин лиҳоз ба масъалаи фасод дар Тоҷикистон ба таври дигар бояд назар кард. Ба назари ман, далели аслӣ дар ҷаҳонбинӣ ва тафаккури мардум аст. Якнавохт гуфтан душвор аст, ки гӯё фарҳанги мардум ба фасод мусоидат мекунад.»

РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ФАСОД КАДОМҲОЯНД?

Ба гуфтаи ҷаноби Халифаев, ягона роҳи маҳдудияти фасод, тасвиби қонунҳои комил аст. Ин дар ҳолест, ки ахиран Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, ки Оҷонс тавони ба фасод муттаҳам донистани аъзои ҳукуматро надорад.

Ба ҳамин далел Субҳиддин Баҳриддинов, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ин мизи гирд низ, таҷдиди назар дар қонунҳои Тоҷикистон аст то ҳама ришватгир новобаста аз мақомаш дар назди қонун яксон бошад: «Духӯрагӣ, нофаҳмӣ, сифати пасти қонун на танҳо ба ҷилавгирӣ аз фасод кӯмак мекунад, балки барои тавсеаи он роҳ мекушояд. Қонунҳои мо хубанд, вале механизми иҷрои ин қонунҳо таҷдиди назар мехоҳад.»

КОРРУПСИЯ - ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Ба гуфтаи коршиносон, шояд ба ҳамин далел бошад, ки созмони байналмилалии "Transplant International" Тоҷикистонро як кишвари фасодзадатарин хондааст ва мавзӯи фасод дар ҷумҳуриро депутатҳои Парлумони Апрупо дар мулоқоти рӯзи гузаштаи худ бо Эмомалӣ Раҳмон матраҳ карданд.

Гузашта аз ин, СБП дар гузориши худ гуфтааст, ки камбизоатии зиёду беадолатии иҷтимоӣ бо вуҷуди фасодкории афзоянда дар Тоҷикистон, метавонад ба сар задани нооромиҳои иҷтимоӣ мусоидат кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG