Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ғанисозии уранро аз Натанз ба Форду мекӯчонад


Фаридун Аббосии Давонӣ

Фаридун Аббосии Давонӣ

Раҳбари созмони ҳастаии Эрон гуфт, кишвараш ғанисозии бештари уранро аз таъсисоте, ки дар тӯли солиён истифода мешуд, мекӯчонад ва иқтидори тавлидотиашро се маротиба хоҳад афзуд. Шабакаи телевизионии IRIB аз қавли Фаридун Аббосии Давонӣ хабар дод, ки ғанисозӣ дар сатҳи 20 дарсадро имсол аз корхонаи Натанз ба Форду, маҳалле дар наздикии Қум дар ҷанубуғарби Теҳрон хоҳанд кӯчонд. Хабари эҳдоси корхонаи ҳастаӣ дар Форду соли 2009 ифшо шуда, боиси эъмоли таҳримоти сангинтари СММ алайҳи Эрон шуда буд.
XS
SM
MD
LG