Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дастаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Остона


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ШОС” бахшида ба 10-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона ҷараён дорад, дар нахустин бозиаш аз тими Қазоқистон-1 бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид.

Дастаи Қазоқистон-1, ки дар бозии аввали худ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд, бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи “А” гардид ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Остона-Арена” 9-уми июн бо мунтахаби Қирғизистон бозӣ хоҳад кард. Футболбозони тоҷику қирғиз барои ҷойи дуввум дар гурӯҳи худ мубориза мебаранд. Ғолиби ин бозӣ бо дастае, ки дар гурӯҳи “В” ҷойи дуввумро мегирад, барои медалҳои биринҷии мусобиқа талош хоҳад кард.

Ба гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Чин ва Қазоқистон-2 дохиланд. Дастаи Русия, ки бар тимҳои Чин ва Қазоқистон-2 бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз шуд, ба финал баромад ва дар бозии ниҳоӣ бо тими Қазоқистон-1 рӯ ба рӯ мешавад. Дастаҳои Қазоқистон-2 ва Чин бо ҳам барои ҷойи дуввум дар гурӯҳ қувваозмоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG