Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тунис то октябр таъхир шуд


Зайналобуддин Бин Алӣ - нахустин ҳокими суқуткарда дар натиҷаи инқилобҳои ахири ҷаҳони Араб
Зайналобуддин Бин Алӣ - нахустин ҳокими суқуткарда дар натиҷаи инқилобҳои ахири ҷаҳони Араб
Сарвазири Тунис гуфт, нахустин интихоботи ин кишвар баъд аз суқути режими худкомаи Зайналобуддин Бин Алӣ то моҳи октябр ба таъхир гузошта шуд. Қаблан қарор буд, ки ин раъйгирӣ рӯзи 24 июл доир шавад. Дар ин интихобот мардуми Тунис бояд вакилони маҷлисеро интихоб кунанд, ки бо тасвиби тарҳи нави Қонуни асосӣ роҳро ба сӯи интихоботи баъдии парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ хоҳад кард. Сарвазири муваққати Тунис Боҷӣ Қоид Ас-Сабсӣ гуфт, интихобот рӯзи 23 октябр доир хоҳад шуд. Тунис саргаҳи инқилобҳои ҷаҳони Араб ба шумор рафта, раисиҷумҳури вақташ Бин Алӣ ҳанӯз дар моҳи январ дар натиҷаи фишори мардум барканор шуд.
XS
SM
MD
LG